Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
дасти Меҳрон чизе баромад ва на низ мо коре метавонем кардан. Акнун мо ин ҷойгоҳ фурӯ мондаем ва расму русуми ҷанг ва майдондорӣ намедонем. Агар хоҳӣ, ки дидори фарзанд бозбинӣ, ҳарчанд ки зудтар лашкар фиристӣ ва паҳлавоне ҷангдон, кордида, ба рою тамиз, бо мададе бисёр, ки сипоҳи эшонро ниҳояте нест ва мардони мардона, ки як мард аз эшон берун неомад ва ду рӯз майдондорӣ мекард ва халқи бисёр бикушт ва мегӯянд бародари Хуршедшоҳ аст, номи ӯ Фаррухрӯз. Агар падари бузургвор дар ин таксир намояд, аз ин фарзанд модар ва хоҳари маро салом бирасон. Вассалом».
Чун нома тамом кард, бар Қизилмалик хонд. Шоҳзода ва паҳлавонон бар вай офарин карданд. Мӯҳри нома ниҳод. Пас, марди роҳдон бихонд ва нома бар вай дод ва гуфт:
— Ин нома зуд ба Арманшоҳ расон.
Ва ҷаммозае роҳрав, кӯҳкӯҳон, огандарон, сурхмӯй, баландболо, Ҷосусанг, ғармтак, оҳехтачин, фарохчашм, роҳдон, камхор, бисёртав. Ва чунин шутуре бар номабар доданд, ки номи ӯ Сомон буд. Барнишаст ва рӯй ба роҳ ниҳод. Чун боди хазон рафтан гирифт.
Аз ин ҷойгоҳ Қизилмалик ҷанг намехост ва Хуршедшоҳ бо паҳлавонон гуфт:
— Эшон ба ҷанг берун намеоянд. Мумкин бошад, ки нома ба Арманшоҳ фиристодаанд ва мадад хоста, моро бояд берун рафтан ва масоф хостан.
Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй шоҳ, имрӯз шароб хӯрем, ки эшон аз ғами Қатрон масоф нахоҳанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Чунин кунем.
Ба шароб хӯрдан машғул гаштанд, то он рӯз бигзашт. Шаб даромад. Ҳамгинон сар ба осоиш ниҳоданд ва талоягон берун рафтанд, то шаби тира ба охир омад.
Хуршедшоҳ ба тахт баромад. Паҳлавонон ба хизмат омаданд. Ҳеҷ кас аз лашкари Мочин ҳарб намекард. Хуршедшоҳ бифармуд, то лашкари ӯ рӯй ба майдон ниҳоданд. Дарҳол овози кӯси ҳарбӣ баромад. Лашкар хосу ом дар мағзи оҳан пинҳон шуданд. Пой ба аспон дароварданд, рӯй ба майдон ниҳоданд.
Он ҳол бо Қизилмалик бозгуфтанд. Қизилмалик якеро гуфт:
— Бирав, эшонро бигӯй, ки моро порае нохуш аст. Ба ҷанг намепардозем, то вақт бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё