Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он мард биёмаД баробари қалби Хуршедшоҳ биистод ва овоз дод, ки:
— Қизилмалик мефармояд, ки моро порае нохуш аст, як-ду рӯз масоф наметавонем кардан. Бошад, ки сиҳатӣ падид ояд.

Чун мард ин бигуфт, сипоҳ бозгаштанд.
Ҳамчунин ҳар ду рӯз, ки чун лашкари Хуршедшоҳ ҷанг хостанд, ҷавоб доданд, ки шоҳзода нохуш аст ва дафъи ҷанг мекарданд.

То аз он ҷониб Сомон ба шаҳри Мочин расид. Хабар ба шоҳ бурданд, ки номаи шоҳзода овардаанд. Арманшоҳ хуррам шуд ва бифармуд, то Сомонро пеши тахт оварданд.
Чун Сомон даромад, Арманшоҳ пеш аз он, ки номаро дид, аҳволи фарзанд пурсид. Сомон гуфт:
— Эй шоҳ, ба саломат аст ва тандруруст.
Пас, нома берун карду бӯса дод ва пеши Арманшоҳ ниҳод.

Арманшоҳ нома баргирифт ва ба дасти Шаҳрони вазир дод. Шаҳрони вазир нома баркушод ва мехонд ва аҳвол ба Арманшоҳ мегуфт ва аҳволи ӯ мегардонид. Аҳволи аз банд ҷастани Хуршедшоҳ ва ба ҷанг омадан ва ду рӯз масоф кардан ва мардӣ намудани Фаррухрӯз ҳама шарҳ дод. Арманшоҳ бигрист. Ва ба чанд ҷойғаҳ аз кори Самак бозгуфта буданд, ки Меҳрони вазир дар нома навишта буд ва ба Қизилмалик фиристода, ки ҳамаи корҳо аз Самак вайрон аст ва Қизилмалик дар номаи падар навишта буд аз он чӣ маълум карда буд ва худ дида буд.

Арманшоҳ пурсид, ки:
— Ин Самак чӣ гуна мардест, ки аз дасти вай чунин корҳо бармехезад ва чун паҳлавон Қатрон марде бо сӣ ғулом метавонад бурдан?

Касоне, ки медонистанд, гуфтанд:
— Эй шоҳ, марди айёрпеша аст ва ҳанӯз кӯдак аст ва устоде дорад номи ӯ Шағоли Пилзӯр. Мардӣ ва шабравӣ аз вай омӯхтааст. Ва чунин менамояд, ки ба ҳамаи ҳунарҳо аз усто даргузаштааст, то ба ғояте, ки дояи ҷоду ва фарзанди Меҳрони вазир бо Шерафкани паҳлавон ҳар серо кушт ва Шағоли Пилзӯру айёрон ва Хуршедшоҳу бародараш Фаррухрӯз дар банд буданд. Эшонро ҳама берун овардааст ва корҳои азим мекунад. Арманшоҳ аз Сомон пурсид, ки:
— Ту Хуршедшоҳро дидай?
Гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ