Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй шоҳ, дидаам. Ҷавоне сахт покиза ва бошӯкӯҳ аст ва фарри подшоҳӣ дорад. Аммо дар майдондорӣ вайро надидаам. Аммо бародари вай Фаррухрӯзро дидаам, ба ғоят мардона аст.
Армоншоҳ дарҳол бифармуд, ки саропардаи ман аз шаҳр берун баред ва ҷумлаи сипоҳ хосу ом аз шаҳр берун оед. Армоншоҳ берун рафт ва боргоҳ сохт, то умарои давлат ҳозир омаданд ва бар қоидаи шоҳон биншаст. Рӯй ба сипоҳ кард, гуфт:
— Эй сипоҳ ва раияти ман, бидонед ва огоҳ бошед, ки то будам, шуморо будам нек. Ва ҳама вақт ғамхорагии шумо кардам. Акнун воҷиб аст ғамхорагии фарзанди ман кардан. Хосса, коре чунин пеш омадааст ва фарзанди ман ба кӯдакӣ ва нодонӣ худро дар бало афканд ва ба ҷанги лашкари Чин камар бастааст. Чунин намепиндошт. Ӯро гумон буд, ки ба домодӣ меравад. Акнун кораш ба ҷанг афтод. Қизилмалики ман кӯдакест ва расму русуми ҷанг намедонад, ки чун бояд кардан. Ва дигар, паҳлавооне чун Қатрон бурдаанд. Кист аз миёни шумо, ки бар ин кор камар бандад ва биравад ва бо фарзанди ман ёр бошад ва ҷавоби хасм боздиҳад ва Қатрони паҳлавон аз банд берун оварад?
Аз миёни эшон Сайлам барпой хост гуфт:
— Худойгонро бақо дод, ин кор маро мебояд кардан, ки бародари хешро аз банд берун оварам.
Армоншоҳ пурсид:
— Лашкар чанд дорӣ?
Гуфт:
— Панҷ ҳазор савор дорам.
Шоҳ бифармуд, то созу силеҳ ва нафақоти эшон ва хилъати Сайлам чунон ки ба кор буд, тартиб карданд.
Паҳлавоне дигар бар пой хост, номи ӯ Симрон. Хидмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, камари хидмат банда дарбандад, бо панҷ ҳазор хизматгорон, ки дорад ва ҷон фидои шоҳзода кунад.
Шоҳ офарин кард ва хилъат фармуд ва созу силеҳ дод.
Паҳлавоне буд, номи ӯ Гелсавор. Барпой хост ва хидмат кард. Шоҳ ӯро офарин кард.
Гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, туро маълум аст, ки маро бо Қатрон бисёр хусумат афтодааст. Аз баҳри мардонатӣ бисёр бо ҳам афкандем ва дар наврӯзҳо, ки паҳлавонон бо ҳам озмоиш кунанд, дар майдон ману Қатрон бо ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё