Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
кӯшидаем ва касе музаффар нашуд. Бо ҳам басанд наёмадем. Ва ба ҳар вақте ки гуфтӣ ман мардонатарам ва аз паси ман худро ситудӣ. Акнун дар банд мондааст. Ман биравам ва ба мардӣ, вайро аз банд берун оварам, то дасти ман болои дасти ӯ бошад. Аввал рӯз хостам, ки дар хидмати шоҳзода биравам. Чун Қатрон бо вай буд, гуфтам, набояд, ки дар майдон мукошафа 1 ва муҷодала 2 афтад, ки агар ман қасди майдон кардаме, ӯ гуфтӣ: «Ман биравам», ночор гуфтора 3 будӣ. Раво набудӣ дар баробари душман боздиҳам.
Арманшоҳ донист, ки Гелсавор мардона аст. Гуфт:
— Сипоҳ чанд дорӣ?
Гуфт:
— Эй шоҳ, банда чаҳор ҳазор савор дорад харидан хеш ва шаш ҳазор хидматгор.
Арманшоҳ ӯро хилъат дод ва баргу соз дод.
Чун ҳама тартиб карданд, се паҳлавон бо бист ҳазор савор азми рафтан карданд, ки дар майдони сухан ва корсозии сипоҳ. Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй дареғо! Ин ҳама мард мераванд. Марде нест, ки биравад ва ҷавоби Шағолу Самак боздиҳад.
Тақдири Эзидӣ чунон буд, ки марде буд дар Мочин, ки исфаҳсолори шаҳр буд, чунончи Шағол дар Чин. Ва Арманшоҳ ӯро бидошта буд ва номи ӯ Конун. Ҷумлаи шаҳр дар ҳукм ва фармони ӯ буданд ва хидматгорони бисёр дошт. Агарчи бар тариқи Шағол мерафт дар айёрӣ ва ҷавонмардӣ. Ва исфаҳсолор буд ва хидматгоре дошт номи ӯ Кофур. Ва ӯро аз баҳри он Ходим хонда буданд ба номи ходимон. Чунон асфед буд, ки барф. Бад-ин сабаби асфедӣ ӯро Кофур хонда буданд.
Чун Шаҳрони вазир ин сухани Шағолу Самак бигуфт, ки касе нест, ки биравад ва ҷавоби кори эшон боздиҳад.
Конун бо ҷамоат ҳозир буданд. Ва Кофур сахт айёр ва чолок буд ва мардонаву шотир, рӯй ба Конун кард, гуфт:
— Эй сифаҳсолор ва паҳлавон, мебинӣ, ки овозаи Шағолу Самак чун дар ҷаҳон афтодааст. Эшон кистанд ва кӣ бошанд, ки номи эшон ба забони подшоҳон равад? Аз баҳри он, ки ду-се кор аз дасти эшон баромадааст, номи эшон дар ҷаҳон мунташир аст. Эшон чӣ донанд, ки касе донад?
Ва бар мо дар мардӣ чӣ зиёдат оянд?
1 Мукошафа — душмани ошкоро кардан.
2 Муҷодала — ҷангу ҷидол.
3 Гуфтора — мунозира.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё