Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ӯро гуфта буд, ки Маҳпарӣ духтари шоҳ аст ва ту маҷҳулзодаӣ. Ӯро ба ту надиҳад, ки туро падар пайдо нест.
Ва ин сухан доя аз баҳри он гуфт, ки фасод бар тани худ бисёр кардӣ ва ҳар киро, ки дидӣ, ба дӯст гирифтӣ ва ҳар фарзанде, ки овардӣ, падари ӯро надонистӣ, ки кист. Аз ин сабаб надонист, ки Макӯқар фарзанди кист.
Падари ӯро нашинохт. Аммо гуфта буд, ки, эй бепадар, сабр кун, ки ман роҳе задаам ва подшоҳзодагон ба хостгории духтар меоварам ва эшонро ба масъалаи сарви сухангӯй мепурсам ва дар банд мекунам. Ва чун донам, ки ҳеҷ кас ба талаби духтар намеояд, масъалаи сарви сухангӯй бо ту бигӯям, то ту духтарро хостгор бошӣ ва масъала бигӯй, ночор шоҳ духтар ба ту диҳад ва дафъ натавон кард. Бад-ин сухан фарзандро осуда медошт то ӯро кутволии қалъаи Шоҳак доданд ва бифиристоданд ва дар қалъа умед медошт, ки ҳар вақте доя пеши ӯ рафтӣ ва ӯро бидидӣ ва дилхушӣ додӣ ва гуфтӣ, — «наздик расид». Пас, чун ҳол чунон афтод, Макӯқар ҳанӯз огоҳ набуд, ки ӯро бикуштанд.

Пас, чун Маҳпариро ба қалъа оварданд пеши Макӯқар, дар ҷамоли духтар нигарид, он рӯю мӯй ва болову чеҳраи Маҳпарӣ бидид, ишқи куҳан бар вай тоза гашт ва саросема шуд, ки духтар беш аз он ҷамол дошт, ки Макӯқар дида буд.

Пас, дар он қалъа шаҳдаре буд. Духтари шоҳ бо ду канизак ва лоло Солеҳро дар он шаҳдар фиристод. Духтари шоҳ гуфт:
— Ҳеҷ каси дигар нахоҳам, ки пеши мо биёяд, илло лоло Солеҳ, ҳар ҳафта биёяд ва он чӣ ба кор аст, биёварад.

Чун кор сохта шуд, духтар дар шаҳдар мебуд. Хабар ба шаҳри Чин бурданд, ки духтар ба қалъа бурданд, то Рӯҳафзои мутриб ва канизаке дигар номи ӯ Арғувон, устоди сарои духтар буд. Ва канизаке дигар номи ӯ Алғу, хазинадори духтар буд, баъд аз як ҳафта омаданд пеши Маҳпарӣ.

Чун Рӯҳафзо ва он канизакон бирасиданд, аз омадани
эшон Маҳпарӣ бағоят хуррам шуд, агарчи барои надидани Хуршедшоҳ ғамнок буд. Ва он шаҳдар чунон буд, ки
агар ба болои он рафтандӣ, сад фарсанг зиёдат аз ҳар ҷониб пайдо буд. Агар ба масал ҳар чӣ бигзаштӣ, падидор
будӣ. Маҳпарӣ он ҷо буд. Алғуро фармуд, ки ту бисёр
хидмат кардӣ ва мекунӣ, акнун бояд, ки ҳама рӯз ба болои

пешина
аз 290
навбатӣ