Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ин шаҳдар мебошӣ ва нигоҳдорӣ мекунӣ, то агар касе пайдо гардад, моро хабар диҳӣ. Моро аз ту ин хизмат тамом аст.
Алғу гуфт:
— Фармонбардорам, — бар ин биистод.
Маҳпарӣ бо Рӯҳафзо шабу рӯз ба шароб хӯрдан машғул буданд ва ҳар чӣ ба кор боистӣ, лоло Солеҳ пеши Мақӯқар рафтӣ ва бихостӣ.
Мақӯқар гуфтӣ, фармонбардорам.
Рӯзе Мақӯқар ба лоло гуфт:
— Аз чӣ сабаб буд, ки модари ман бо духтар наёмадааст? Лоло надонист, ки намебояд гуфтан, гуфт:
— Эй паҳлавон, туро бақо бод, ки модари туро бикуштанд.
Мақӯқар оҳе баркард ва аз ҷой баромад, гуфт:
— Ӯро кӣ кушт ва аз баҳри чӣ?
Лоло гуфт:
— Ӯро Самаки айёр бикушт.
Мақӯқар гуфт:
— Ба чӣ сабаб?
Лоло аз аввали кори омадани Хуршедшоҳ то он соат, ки эшон ба қалъа омаданд, ҳама пеши Мақӯқар бозгуфт.
Мақӯқар чун аҳволи куштани модар ва он ҳама аҳвол, ки афтода буд бишнид, аз баҳри модар бигрист ва зорӣ кард.
Пас, лолоро он чӣ боист бифармуд, то бидоданд. Лоло бозгашт.
Мақӯқар ба таъзият биншаст ва бо худ андеша кард, ки яздон кори ман рост баровард. Чун модари ман аз миёна бирафт, бе он чӣ Маҳпариро ба ман фиристод ва маро мақсуд Маҳпарӣ буд, ки бар дасти ман афтод. Ӯро дар қалъа медорам, то ром шавад. Пас, Ӯро ба худ бозгирам ва қалъа ба ҳисор кунам. Лашкари рӯи замин ҳеҷ бо ман ба даст надоранд ва бо Самаку Шағол ва Хуршедшоҳ коре кунам, ки то ҷаҳон бошад, аз он бозгӯянд. Ин соз бо худ дода буд.
Пас, чун лоло аз пеши Мақӯқар бозомад, дилтанг буд.
Духтари шоҳ пурсид лолоро, ки ин дилтангӣ аз баҳри чист. Лоло аз чӣ бо Мақӯқар гуфта буд, сар ба сар ба духтар бозгуфт. Духтар фурӯ монд. Гуфт:
— Эй ноҷавонмард, магар ақл аз ту бирафт ва девона гаштӣ. Касе чунин кунад, ки моро дар қалъаи азим дар бало афканд, то чӣ гуна аз қалъа раҳои ёбем аз дасти ин ҳаромзода.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё