Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лоло гуфт:
— Эй малика, надонистам, хато буд.
Духтар гуфт:
— Эй лоло, зинҳор, то худро нигоҳ дорӣ ва бо дониш бо вай бош.

Ин сухан гуфта буданд. Пас, як рӯз лоло пеши Мақӯқар шуд аз баҳри ғизо, бифармуд, то хилъате некӯ биёварданд ва пеши ходим бинҳоданд ва бадрае ҳазор динор. Лоло хидмат кард. Бо худ гуфт: «Чизе мебошад, ки Мақӯқар маро хилъат медиҳад». Пас, Мақӯқар гуфт:
— Эй лоло, ту донӣ модарам, ки рафт ва бар ту ҳақҳо дорад ва бар ту воҷиби ғамхорагӣ кардан. Аҳволи ман донӣ, ки ман аз кӯдакӣ боз бар Маҳпарӣ ошиқам ва аз баҳри дили шоҳ хостгорӣ намекардам, ки модарам раҳо намекард. Акнун ки модарам рафт ва духтар пеши ман омад, яздон ӯро ба ман фиристод, ҳеҷ мумкин бошад, ки ӯро аз дили ман огоҳӣ диҳӣ ва аҳволи ман бо вай бигӯй, то бо ман яке бошад ва мо дар ин қалъа мебошем, ки агар ҷумлаи оламро лашкар гирад, бо мо ҳеҷ ба даст надоранд ва мо рӯзгоре мегузаронем, ки неъмати бисёр аз ҳар ҷинс дар ин қалъа ҳаст. Ва аз ҳар гуна сухан бо лоло бигуфт:

Лоло гуфт:
— Эй паҳлавон, бандаро заҳраи он набошад, ки пеши духтари шоҳ ин сухан бигӯям ё ба забон бароварам, ки маро беҷон кунад ва ман намехоҳам, ки баъд аз чандин сол, ки хидмат кардаам ва номи некӯ ба даст овардаам, ба бадномӣ ҳалок шавам. Тадбири дигар соз, ки ин кор на кори ман аст.

Ин бигуфту бархост ва бирафт.
Мақӯқар чун он аҳволи дурӣ аз ходим бидид, бо худ гуфт: «Маро ин набоист гуфт. Акнун тариқи дигар бояд ниҳодан». Аммо аз ин ҷониб чун лоло пеши духтар омад ва он чӣ ба кор боист, биёвард, аз он аҳвол ҳеҷ нагуфт ва мебуд то он соат, ки Самаку Оташак ба дари қалъа омаданд. Мақӯқар дилтанг шуд, бо худ гуфт: «Чӣ тадбир созам ва агар дар накшоям, қадр карда бошам. Ҳанӯз кори духтар надидаам, ки чун хоҳад будан ва дар подшоҳ осӣ шудан беҳурматӣ бошад». Пас, гуфт: «Беш аз ду тан нестанд. Эшонро ба боло оварам ва сар аз тан ҷудо кунам. Агар духтари шоҳ гӯяд, ки чаро чунин кардӣ? Гӯям, ба ивази хуни модарам кардам».

Ин андеша дар дил гирифта буд. Бифармуд, то дари

пешина
аз 290
навбатӣ