Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

қалъа бикшуданд ва эшонро бар боло оварданд. Самак пой дар қалъа ниҳод, гуфт:
— Эй Оташак, ба тавфиқи яздон ва ба иқболи шоҳзода қалъа гирифтам.

Оташак офарин кард. Ҳарду ба сарои Макӯқар омаданд. Хидматгорон эшонро бар дари сарой бидоштанд ва ба Макӯқар бигуфтанд. Макӯқар бифармуд, то эшонро дароварданд. Биёмаданд ва хизмат карданд.

Макӯқар эшонро биншонд ва аҳволпурсид аз Хуршедшоҳ ва Арғун. Самаки айёр гуфт:
— Ду рӯз масоф карданд ва Қатрони паҳлавон гирифтор омад ва ба дараи Буғрой дар банд карданд.

Макӯқар гуфт:
— Қатрони паҳлавон, ки азони Арманшоҳ буд?
Самак гуфт:
— Бале.
Макӯқар гуфт:
— Кадом паҳлавон буд, ки ӯро битавонист гирифтан?
Самак гуфт: «Агар гӯям, ки ман кардам ва ман ӯро биёвардам, ӯро аз ман саҳме дар дил ояд». Гуфт:
— Эй паҳлавон, Хуршедшоҳ дар майдон шуд ва панҷоҳ мард бияфканд. Оқибат Қатрон омад. Бо Хуршедшоҳ замоне бигардид. Хуршедшоҳ ӯро бияфканд ва барбасту биёвард.

Макӯқар чун бишнид, аз кирдори Хуршедшоҳ биҳаросид.
Гуфт:
— Шод бош, менамояд, ки Хуршедшоҳ паҳлавони азим аст.— Пас, гуфт: — Эй Самак, ба чӣ кор омадай?

Самак забон баркушод ва аҳвол чунин гуфт:
— Эй кутвол, маро Арғуни буғрой фиристод аз баҳри он, ки то паҳлавон Макӯқар ба ҳузури ман, қалъаро эҳтиёт кунад ва захирае чанд тоза кунад ва обдонҳо нигоҳ дорад. Ва дигар фармудааст, ки аз дараи Буғрой бист ҳазор хирвор ғалла ба қалъа оваранд аз баҳри он ки ду лашкар чунин рӯй дар рӯй оварданд. Агар кор аз гунаи дигар бошад, дараи Буғрой ва қалъа паноҳ гирем ва агар зафар бошад, эҳтиёт кардан зиёне надорад. Акнун маро бад-ин муҳим фиристоданд ва ангуштарие ба нишон овардам.

Ин бигуфт ва ангуштарӣ берун кард ва ба Макӯқар дод.
Чун Макӯқар ангуштарӣ дид, хизмат кард ва сухани

пешина
аз 290
навбатӣ