Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
вай бовар дошт. Ангуштарӣ баргирифт ва бӯса дод ва гуфт:
— Фармонбардорам.
Дарҳол бифармуд, то нақиби қалъа биёмад ва калиди хонаҳои қалъа биёвард, ки захира дар он буд. Биёвард ва ба вай дод. Гуфт:
— Акнун бо Самак бирав, дар ҷумлаи қалъа бигард ва ҳамаи захираҳоро ба вай намой ва обдонҳо ва хирманҳо ба вай намой. Ҳар чӣ мебояд кардан, мекунед.
Мақӯқар бо худ гуфт: «Эшонро машғул дорам, то эмин бошанд ва он гоҳ бинам, ки бо эшон чӣ мебояд кардан».
Нақиби қалъа бо Самак ва Оташак мегардиданд ва мақсуди Самак он буд, ки ҳамаи ҷойҳо бубинад ва тариқи ҷангҷой ба даст оварад ва бидонад, ки Маҳпарӣ куҷост.
Нақиби қалъаро ном Нок буд. Самак ва Оташак бо Нок дар қалъа мегаштанд, то ба зери шаҳдар омаданд.
Овози Рӯҳафзо ба гӯши Самак расид, ки симоъ мекард.
Аҷаб дошт ки пеши вай чӣ гуна омадааст. Гуфт:
— Эй модар, ҳаром аст, ки бе ман шароб мехӯрӣ.
Овози Самак ба гӯши Рӯҳафзо расид. Аз ҷой баромад, пеши Маҳпарӣ, хизмат кард, гуфт:
— Эй малика, овози ошно меояд. Дарҳол сар аз дарича берун кард. Самакро дид, гуфт:
— Эй малика, мужда хоҳам, ки Самаки айёр омадааст.
Духтари шоҳ аз панҷара нигоҳ кард, Самакро дид бо ду тан, ки мерафтанд. Хуррам шуд. Лоло Солеҳро гуфт:
— Бар қафои Самак бирав ва қавоми ӯ баргир, то куҷо меравад.
Лоло Солеҳ аз сарой берун омад. Дар қафои Самаки айёр бирафт. Чун порае роҳ бирафт, Самак нигоҳ кард, Лоло Солеҳро дид, ки аз қафои ӯ меомад. Бидонист, ки ба талаби ӯ меравад. Рӯй ба нақиби қалъа кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон Нок, имрӯз баски гардидем, моро ҷойгоҳе фуруд овар, то биосоем, ки ба таъҷил рафтаем. То бокӣ фардо менигарем, чунон ки бояд бисозем.
Нок эшонро ба ҳуҷра овард ва бишонд ва худ бозгашт. Самак ва Оташак дар он ҳуҷра биёсуданд. Лоло Солеҳ бар қавом истода буд. Чун дид, ки нақиби қалъа бирафт, ба ҳуҷра даромад, пеши Самак хизмат кард.
Самак бархост ва ӯро дар канор гирифт ва пеши худ биншонд ва аз ҳар аҳвол пурсид. Гуфт:
— Эй лоло, надонистӣ, ки худро дар ин қалъа намебоист афкандан ва ба дасти душман додан. Яздон маро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё