Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Ёрӣ дод, то бад-ин мақом баромадам, бошад, ки шуморо ба чора аз дасти эшон бираҳонам.— Пас, гуфт: — Эй лоло, бигӯ то бад-ин қалъа, ки омадӣ, Мақӯқар ҳеҷ сухан бо ту гуфт аз баҳри Маҳпарӣ? Ва ҳеҷ пайгоме ба дасти дигаре фиристод? Ё дар нафақот ҳеҷ зиёдат кард ва ба саломи духтари шоҳ омад?
Лоло Солеҳ гуфт:
— Эй паҳлавон, як рӯз беш наёмамад, ман надонистам ва аҳволҳо аз аввали кор то ба охир ба вай гуфтам. Пас, аз ҷиҳати модар замоне бигрист ва гуфт: «Модарамро Самаки айёр кушт?» Ман гуфтам: «Бале». Сар биҷунбонид ва баъд аз ду рӯз чун пеши вай рафтам, маро хилъат дод ва бадрае ҳазор динор пеши ман бинҳод ва рози дили хеш бо ман бигуфт.
Лоло Солеҳ ҳар чӣ Мақӯқар гуфта буд ва он чӣ ҷавоб дода буд, ҷумла бо Самак бозгуфт. Чун ин ҳолҳо аз лоло бишнид, сар дар пеш афканд. Пас, гуфт:
— Ин кор дигаргуна аст.— Гуфт: — Эй лоло, ту ин аҳвол ба Маҳпарӣ гуфтӣ?
Лоло гуфт:
— Не.
Самаки айёр гуфт:
— Акнун бархезу пеши Маҳпарӣ рав ва ӯро аз ман салом бирасон ва бигӯ, ки ман ҷон бар кафи даст ниҳодам ва омадам. Бояд ки пайгом пеши Мақӯқар фиристӣ ва бигӯй, ки: «Эй паҳлавон, медонӣ, ки ману ту шир аз як пистон хӯрдаем ва аз кӯдакӣ боз бо ҳам будаем. Дил ба ту додам ва дар ишқи ту будам ва аз бими доя сухан наметавонистам гуфтан, то Самак омад ва дояро кушт. Аҷаб ғамнок шудам, ҳеҷ натавонистам кард. Ба оқибат хост, ки маро ба Хуршедшоҳ диҳад. Ман ба ҳазор чора худро аз дасти эшон бираҳонидам ва бад-ин қалъа омадам. Сабаб ишқи ту буд, вагарна ман бар ин қалъа чӣ кор доштаме ва киро заҳра будӣ, ки маро ба қалъа овардӣ. Ҳам омадани ман аз барои ту буд».
Ӯро ба ишқе фирефта кун, пас, бигӯй, ки: «Шунидам, ки Самак бо дигаре ба қалъа омадааст, ки ӯро Оташак мегӯянд. Ҳам айёрпеша аст. Шак накунам, ки аз барои кори ман омадаанд ва ман худ аз дасти эшон бигрехтам. Бояд, ки сари эшон аз тан ҷудо кунӣ, чунон ки касе огоҳ нагардад ва баъд аз ин ҳеҷ кас дар қалъа нагузорад. Чун аз эшон фориғ шавӣ, пеши ман ой, ки бо ту сухане дорам. То бигӯям, ки чӣ мебояд кардан».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё