Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Оташак гӯш карда буд ва ин суханҳо мешунид. Гуфт:
— Шод бош, эй бародар, ин чӣ сухан аст, ки ту мегӯӣ. Моро дар ҳалок хоҳӣ афкандан.
Самаки айёр бихандид, гуфт:
— Эй Оташак, азим ғами ҷон мехӯрӣ!
Лоло Солеҳ бархост ва пеши Маҳпарӣ омад ва он чӣ Самак гуфта буд, ҳама ба Маҳпарӣ бозгуфт ва он чӣ Мақӯқар пеш аз он ба лоло Солеҳ гуфта буд, ҳама шарҳ дод. Маҳпарӣ фурӯ монд.
Пас, ба Рӯҳафзо гуфт:
— Аҳволи мо мебинӣ, ки чӣ гуна афтодааст бо Мақӯқар. Шукри яздон аст, ки Самаки айёр омадааст ва моро ин ҷойгоҳ, дар дасти вай нагузорад. Аммо ин суханҳо, ки Самаки айёр мегӯяд, сухани девонагон аст.
Рӯҳафзо гуфт:
— Эй малика, ту дар аҳволи Самак надонӣ. Ӯ дар ақл ва дониш ва рой ва тадбир беш аз он аст, ки битавон гуфтан. Аз ҷумлаи ройҳои ӯ яке ин буд, ки Хуршедшоҳро бар он зинат пеши ту оварда будам. Ва дигар он корҳо сохт. Ва туро аз Қизилмалик бозраҳонид. Магар он рӯз, ки туро ба қалъа меоварданд, ҳозир набуд, вагарна раҳо накардӣ. Дар ҳама кор ӯ беҳтар донад. Чунон кун, ки ӯ фармояд, ки охир бар ин кор ба қалъа баромадааст, ки ҳамаи лашкари рӯи замин ин қалъа натавонанд гирифтан.
Маҳпарӣ гуфт:
— Эй лоло, пеши Мақӯқар рав, он чӣ Самаки айёр гуфтааст, бигӯй, ки ман ҳеҷ намедонам, ки ин аҳвол чӣ гуна хоҳад будан. Ту доной бо Самак. Лоло хизмат кард ва гуфт:
— Эй малика, ман донам, ки сухан чун бояд гуфтан. Он чӣ ӯ гуфтааст, беҳтар аз он бигӯям. Аммо кор надонам сохт.
Пас, рӯй ба роҳ ниҳод ва пеши Мақӯқар омад ва хизмат кард ва дуо гуфт. Пас, гуфт:
— Эй паҳлавон, порае шакар ва набот мебояд, ки малика мехоҳад.
Мақӯқар гуфт:
— Эй лоло, туро хандон мебинам.
Лоло хизмат кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, дар кори ту бозмондаам. Аввал малика аз ту гила мекунад ва салом мерасонад ва мегӯяд, ки ҳаргиз бевафотар аз ту надидаам. Чандин муддат, ки ман бар ин қалъа омадам, як рӯз аз ман ёд накардӣ ва пеши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё