Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй бузургвор шоҳ, дастурӣ, ки банда имрӯз майдондорӣ кунад.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй паҳлавон, пеши рӯи лашкар ба ту арзонӣ доштам.
Ҳурмузи Кил хизмат кард ва пой ба асп дароварду рӯй ба майдон ниҳод. Худ ва асп дар оҳан мағрақ шуда буданд. Наъразанон ва уштулумкунон тардиду новард мекард. Баробари қалби лашкари Қизилмалик омаду найза ба замин фурӯ бурд ва хӯд аз сар баргирифту бар кӯҳаи зин ниҳод. Овоз дод, ки:
— Камтарини ин сипоҳ манам, Ҳурмузи Кил, бандаи Марзбоншоҳ ва чокари фарзанди ӯ Хуршедшоҳ. Биёед ҳар ки мардонатар, то зӯр озмоем.
Ин сухан дар даҳон дошт, ки аз дасти рости лашкари Қизилмалик саворе асп дар майдон ҷаҳонид. Худ ва асп дар оҳан мағрақ карда ва найза бар гӯши асп рост карда. Наъразанон дар майдон омад, пеши Ҳурмузи Кил ва бонг бар вай зад. Гуфт:
— Эй фурӯмоя, кӣ ту бошӣ? Подшоҳи шумо пиндорад, ки дар ҷаҳон мард нест. Биё, то чӣ дорӣ!
Қизилмалик дар чолокии он мард бозмонда буд. Пурсид, ки:
— Кист, ки мардӣ аз вай пайдост?
Гуфтанд:
— Қатури бародари Қатрони паҳлавон аст.
Қизилмалик офарин кард. То Ҳурмузи Кил сухани Қатур бишнид, ӯро ҷавоб надод, аз қаҳр найза аз ҷой барканду ба вай даромад, ки ӯро найза занад. Қатур даст ба найза кард ва найза бар найзаи якдигар афканданд ва бисёр бикӯшиданд. Ҳурмузи Кил аз қаҳр бархуд мепечид, ки ҳеҷ мард найзадорӣ чун ӯ натавонистӣ. Пас, мукобир даромад ва найза бар синаи Қатур чунон зад, ки аз пушти вай берун шуд. Найзаро хам дод, то Қатур аз асп дарафтод. Ва фарёд аз лашкари Қизилмалик баромаду лашкари Хуршедшоҳ шодӣ карданд. Ҳурмузи Кил мард хост. Дигаре дар майдон омад ва ӯро бикушт. То панҷоҳ мардро бияфканд, ки ӯро хун аз бинӣ наёмаД, магар ҳамаро меафканду мегуфт:
— Эй Қизилмалик, бар мардон чунин ҷавоб хоҳӣ дод? Охир марде дар майдон фирист, ки як лаҳза пой дорад.
Қатрони паҳлавор хост, ки дар майдон равад. Гилсавори паҳлавон инони Қатрон бигирифту гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо