Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй паҳлавон, бош, то ман дар майдон равам ва хуни бародари ту бозхоҳам. Ва низ акнун туро ҷанг кардан маслиҳат нест, ки саросема шудӣ.

Ин бигуфт ва асп дар майдон тохт ва бо вай овехт. Ва бисёр ба найза боҳам бикӯшиданд. Касе музаффар нашуд, ки Гилсавор найзадори нек буд. Найзаҳо аз даст бияндохтанд ва теғҳо аз ҷуфт тоқ карданд ва диреҳҳо дар сар кашиданд ва теғ бар сару фарқи якдигар ниҳоданд. Хуршедшоҳ дар қалби лашкар шароб мехӯрду назора мекард. Сармаст буд, ки он ҳама бо ин лашкар мувосо кардан чарост? Ҳамчунон пероҳани ҳарир асп дар майдон ронд.

Ҷумлаи паҳлавонон даромаданд ва хидмат карданд. Гуфтанд:

— Эй шоҳзода, ту бар ҷой мебош, ки мо, бандагон, ҷавоби душман боздиҳем.

Хуршедшоҳ бо паҳлавонон ба миёни майдон омаданд. Ҳурмузи Кил ва Гилсавор дарҳам овехта буданд. Паҳлавоне буд, ки ӯро Чуби Келӣ ном буд. Тир андар камон ниҳод, бе он, ки касе хабар дошт ва бизад бар паҳлуи Гилсавор, чун нон ки аз паҳлуи дигар берун шуд. Гилсаворро сафро ба сар даромад, бехеш шуд ва зӯр аз дасту пой бирафт. Филҷумла бияфтоду бимурд ва хурӯш аз лашкари Қизилмалик баромад, ки Гилсавор паҳлавоне азим буд ва хеши шоҳ буд.

Ҳомони вазир бонг бар лашкар зад. Гуфт:

— Шуморо ба назора овардаем? Ба ҷумлагӣ биравед ва сипоҳи душман қаҳр кунед. Охир ин қадар медонед, ки шоҳзода ба чӣ бозмонда ва ин ғофилӣ аст.

Паҳлавонон ба якбор хештан бар қалби лашкар заданд.

Ҳурмузи Кил ва Хурдасби Шайду ва Шервони Ҳалабӣ ва Ғуроби Арабӣ ва Сурхи Марғазӣ ва Шоҳаки Розӣ ва Абри Сиёҳ инчунин паҳлавонони Ҳалаб бо саду си ҳазор савору паҳлавононе чун Кармун ва Шерӯя ва Самур ва Арғуни Сарҷӯпон ва Санҷар ва дигар паҳлавонон бо лашкар перомуни лашкари Қизилмалик бипароканданд.

Қизилмалик бо Қатрону Сайлам ва марде бист аз хосагиён ҷон берун бурданд ва эшон низ ҳама маҷрӯҳ. Хазинаву мол ва хаймаву он чи буд, ғорат карданд. Ба ҳазимат бирафтанд, ки ҳеҷ кас чизе аз эшон бознастад. Чун эшон ба ҳазимат бирафтанд, Хуршедшоҳ ба боргоҳ омад бо хуррамию нишот. Ва Ҳомони вазир дар пеши вай ва паҳлавонон. Хуршедшоҳ гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ