Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва Хуршедшоҳ истода, то Ҳомони вазир савор гашт ва рӯӣ ба лашкаргоҳ ниҳоданд, то ба боргоҳ омаданд ва бар болои тахт рафтанд.

Хуршедшоҳ Ҳомони вазирро пеши худ биншонду сухан ҳама аз падар гуфт ва аҳволи модар бозҷуст. Ҳомони вазир гуфт:

— Эй бузургвор шоҳзода, модар бақои ту бод.

Хуршедшоҳ зорӣ кард.

Ҳомони вазир гуфт:

— То ба саодат ту аз падар ҷудо шудӣ, то бад-ин ғоят се сол аст. Соли аввал падар менишасту бо хизматгорон шароб мехӯрд. Баъд аз он шароб намехӯрду хуррамӣ накард ва ба майдону гӯӣ бохтан рағбат нанамуд ва ба ҷуз гирьяву зорӣ шабу рӯз коре надорад. Ва аз ғами ту ҷаҳон намеби- над ва пушт дуто шуда. На рӯз ором дорад, ки замоне бо касе бинишинад ё сухане гӯяд ва на ба шаб қарор дорад. Ва то аҳволи ту маълум кард, сифат натавонам кардан, ки чӣ гуна гашт. То ба ғояте, ки ҳанӯз тартиби лашкар надо- да будем, ки маро аз пеш бифиристод ва хазонаву сипоҳ дунболаи ман меомаданд. Шак накунам, ки зуд бирасад.

Аз ин маъни мегуфтанд. Хуршедшоҳ мегирист, то Ҳо- мони вазир гуфт:

— Эй шоҳзода, қадре мол фиристодааст аз баҳри хар- чӣ шоҳзода. Агар фармой, то арза кунам.

Хуршедшоҳ гуфт:

— Нигоҳ дор, эй падар, ки ту моро ба ҷои падарӣ ва он чӣ харҷ равад, ту ба харҷ хоҳӣ кардан, то онгоҳ, ки па- дари ман бирасад.

Пас, бар он сабил рӯзею шабе ба ҳеҷ кор машғул на- шуд, магар сухан гуфтан. Ва аҳволҳо бо он чӣ дар он сол- ҳо бар эшон гузашта буд, ҷумла боз ҳам гуфтанд. Баъд аз ду рӯз Хуршедшоҳ ба шароб хӯрдан машғул шуд. Ва паҳ- лавононро ҷумла бинвохт ва биншонду киромӣ кард ва пой- гоҳ афзуд, ҳар касе падидор кард. То шаб шароб хӯрданд. Пас, рӯӣ ба оромгоҳ ниҳоданд.

Пас, чун шаб даромад ва бигзашту рӯз равшан шуд, Хуршедшоҳ бифармуд, то кӯси ҳарбӣ бинавохтанд ва лашкар ба ҷумлагӣ рӯӣ ба майдон ниҳоданд. Чун Қизил-малик овози кӯси ҳарбӣ шунид, кому ноком рӯӣ ба майдон ниҳод ва аз ҳар ду ҷониб нақибон сафҳо рост карданд.

Аз он лашкар, ки аз Ҳалаб омада буданд, паҳлавоне буд, номи ӯ Ҳурмузи Кил. Дар миён омад ва хизмат карду гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ