Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй Шағол, аҳволи бародар — Самак, надонам ба чӣ расид, дар шаҳри Мочин бо паҳлавонон Сиёҳгилу Сом, ки асир бурданд. Бо ин ҳама моро касе бояд, ки биравад ва Маҳпариро аз қалъаи Шоҳак биёварад, то бозгардем ва пеши шоҳ Фарфур равему корҳо месозем, то Самак бозояд, ки беш аз ин ранҷ бар тани хеш натавон ниҳод, ки мо дар ин муддат чандон ғусса хӯрдем, ки ба сад сол дар ҷаҳон кас нахӯрад. Фаррухрӯз хизмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, агар фармой, банда биравад, чун Самак ин ҷо нест ва Маҳпариро аз қалъаи Шоҳак биёварад.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Некӯ гуфтӣ, ки бародари ва Самак ин ҷо нест.
Фаррухрӯз бо Симрону ду-се паҳлавонони дигар — шогирдони Шағоли Пилзӯр ҳамроҳ шуданд, ба қалъаи Шоҳак омаданд. Ногоҳ аз болои қалъа санг равон шуд. Фаррухрӯз гуфт:
— Эй лоло Солеҳ, магар осӣ шудӣ ё магар моро намешиносӣ? — гуфт: — Эй лоло Солеҳ, манам бародари Хуршедшоҳ, омадам то Маҳпариро ба вай расонам, мо лашкари Мочинро ба ҳазимат кардем.
Мифтоҳ аз болои қалъа гуфт:
— Ман лоло Солеҳ нестам, маро ном Мифтоҳ аст. Бандаи Арманшоҳам. Маҳпарӣ бо Рӯҳафзою лоло Солеҳ дер аст, ки ба Мочин расиданд.
Чун Фаррухрӯз он ҳол бишнид, гуфт:
— Эй лоло, чӣ мегӯӣ?
— Мифтоҳ гуфт:
— Чӣ мешунавӣ? Қалъаро шикастемӣ, Маҳпариро бурдем ва қалъа моро шуд. Бозгард, ки ранҷа шудӣ.
Фаррухрӯз дилтанг рӯй бозпас ниҳоду бо худ мегуфт: «Надонам, ки ин аҳвол чӣ гуна афтодааст. Пиндоштам, ки корҳо рост баромад. Акнун ошуфтатар мебинам».
Пеши Хуршедшоҳ расиду ва хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳзода, қалъаро шикастаанд ва Маҳпариро бурдаанд.
Аҳвол чунон ки рафта буд, бозгуфт. Хуршедшоҳ аз ҷой баромад ва гуфт:
— Чӣ гуна тавонад будан? Кадом мард буд, ки ин кор тавонад кардан?
Фаррухрӯз гуфт:
— Маро нагуфтанд.
Хуршедшоҳ рӯй ба Арғун кард, гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо