Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй паҳлавон, бингар қалъа ва дара, ки ту дорӣ, ки он қалъаро гирифтанд ва Маҳпариро бурданд, ки ин ҳама ғусса аз барои вай бар мо меояд. Гуфтем ӯро дар қалъа дорем. Акнун гум кардем, боз натавонем ёфт. Қалъа бистаданд. Ва чӣ чора созему Маҳпариро аз куҷо ба даст оварем? Дареғо, гуфтам аз ҳамаи ранҷҳо растем. Худ кунун дар бало афтодем. Дареғо, ки Самак ба мардӣ корҳо карду мо барбод додем.
Шоҳзода дилтанг, то Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳзода, дар олам бисёр марданд. Охир Самак бирафту қалъа бистад. Дигаре омаду аз вай бистад. Чора нест. Акнун ин ҳама ғуссаву ранҷ дидем се сол аз барои Маҳпарӣ, чун луқма ба даҳан расид, аз даст бияфтод. Ва моро нома бояд навиштан ба шоҳ Фағфур ва аҳвол намудан. Бигӯем, ки ба Мочин хоҳем рафтан. Пас, чун ба Мочин наравем, оре бошад. Ва номи зиште ҳосил ояд, ки баъд аз чандин ғусса эшон духтар бибурданд. Дигар мегӯянд, ки Самаки айёр мард асту ин корҳои нек аз баҳри мо кардааст. Ва ҳам аз баҳри мо ба Мочин рафтааст. Чун хабар ёбад, ки мо ба Мочин расидем, ба мо пайвандад. Ва аҳвол бигӯем то дигарбора Маҳпариро ба даст соварад, ки чунин корҳо мардон донанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Чунин бояд.
Ҳомони вазир нома навишт ба шоҳ Фағфур ва аҳволи лашкару ҳазимат шудани душман ва аҳволи қалъаи Шоҳак бистадану Маҳпарӣ бурдан. Пас, гуфт:
«Агар тавонад моро ба улуфа мадад медиҳад, ки мо ба Мочин меравем ба талаби Маҳпарӣ».
Номаро мӯҳр барниҳоду пеши тахти Хуршедшоҳ бинҳод. Хуршедшоҳ нома баргирифт ва Шағолро гуфт:
— Якеро бигӯй, то ин нома ба шоҳ Фағфур расонад.
Шағол Маҳрӯяро бихонду нома ба вай сипурд ва ба шоҳ Фағфур фиристод. Чун нома бифиристод, тартиб карданд ва рӯй ба Мочин ниҳоданд.
Муаллифи ахбор ва баҳам оварандаи китоб ва ровии қисса чунин нақл мекунад, ки чун Конуну Кофур Маҳпарӣ ва Рӯҳафзоро баргирифтанд, рӯй ба қалъаи Фалакӣ ниҳоданд ва он қалъаи Фалакӣ дар миёни дарахтон ниҳода буд ва чаҳор фарсанг болою нишеб буд ва дарё ба поён

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо