Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

қалъа расида буд. Ва аз даҳ фарсанге қалъа падидор буд. Чун Қонун аз дарахтон бигзашту ба даргоҳи қалъа расиданд, дидбон аз болои қалъа эшонро бидид, пеши кутволи қалъа рафт ва хизмат карду гуфт:
— Ҷамоате пайдо омадаанд ва рӯй ба қалъа доранд. Менамояд, ки аз ҷониби Чин меоянд.

Кутвол бифармуд, то ҳоҷибе биравад ва бингарад, ки кист.

Чун ҳоҷиб аз қалъа ба дарвоза омад, нигоҳ кард, Қонунро дид. Бишнохт, ки ӯро бисёр дида буд дар Мочин, хизмат кард. Қонун ӯро бипурсид. Пас, гуфт:
— Бозгарду кутволро бигӯй, ки амонате аз шоҳзода Қизилмалик дорам, ба хизмати ту овардаам ва он Маҳпарӣ аст, духтари шоҳ Фағфур. Шоҳзода дар масоф аст, бо лашкари Фағфур. Бояд, ки амонатро некӯ дориву нагузорӣ, ки бод дар пеши ӯ бигзарад ва ин ҳама фитнаю ошӯбро, ки дар ҷаҳон афтодааст сабаб ӯст. Ва бисёр сар дар хок шуд, то оқибат чун бошад. Ва ман хостам, ки худ биёям ва ӯро биёварам, натавонистам омадан, ки машғулам Кофурро ба хизмат фиристодам, бояд, ки тимор дорад.

Ҳоҷиб гуфт:
— Эй исфаҳсолор, ба болои қалъа хиром.

Қонун гуфт:
— Наметавонам омадан, ки маро таъҷил афтодааст.
Ин бигуфт ва ҳоҷиб рӯй бозпас ниҳод, то пеши кутвол омаду он аҳвол бигуфт. Адҳони кутвол чун бишнид, гуфт:
— Бираву эшонро баровар. Агар Қонун ба қалъа наметавонад омад, раво бошад. Магар ӯро муҳиме ҳаст. Саломи ман бирасон ва амонат аз ӯ бистон. Чун меравӣ, ду-се канизаку ходим бо худ бубар, ки духтари подшоҳ аст.

Ҳоҷиб биёмад ва канизакону ходимон бо худ бибурд ва Маҳпарию Рӯҳафзоро аз Қонун қабул карданд ва ба қалъа бароварданд. Маҳпарӣ ба ҳуш бозомада буду дам даркашида ва аз қаҳр бар худ мепечид ва сухан намеёраст кардан. Пас, сар дар пеш афканда буд, то ба болои қалъа баромад. Маҳпарӣ Рӯҳафзоро дид, ки пеши вай омад, гуфт:
— Лоло Солеҳро аҳвол ба чӣ расид? Гумон мебарам, ки ӯро ҳалок кардаанд, агарна, бо мо будӣ. Эй дареғо ло-, ло Солеҳ!

Маҳпарӣ бинрист, то кутволи қалъа кас фиристод, то ӯро ба шаҳдар бурданд. Дар ҳар қалъа шаҳдаре бошад.

пешина
аз 290
навбатӣ