Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт, ҳеҷ кас пеши эшон наравад, ҷуз ходимею ду канизак ва ҳар чӣ эшонро ба кор буд, бифармуд, то ба шаҳдар бурданд. Ва дастҳои эшон аз пеш баста буданд, бифармуд, то бикшоданд ва дар шаҳдар эшонро ҷойгоҳ карданд.

Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин гӯяд, ки чун Конун Маҳпариро ба қалъа бурд, рӯй бозпас ниҳод ва оҳанги Мочин кард. Ва бо Кофур ва ҷамъате, ки бо вай буданд, ба шаҳри Мочин омаданд. Конун ба сарои хеш рафту аз хизматгорон пурсид, ки Беҳзоду Размъёр куҷоанд? Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, чун ба саодат бирафтӣ, баъд аз чанд рӯз ду мард биёмаданд. Гуфтанд, аз Бухороем, ба хизмат омадаем. Беҳзоду Размъёр эшонро темор доштанду бинвохтанд ва муроот карданд. Ва ду рӯз дар хизмат буданд. Баъд аз он берун шуданд. Намедонем, ки куҷо рафтанд. Ва низ Дилорому олоти маҷлис, миқдори саду сӣ ҳазор динор пайдо нест ва ду фарзанди ту нопайдо шуданд. Ва шоҳи ҳушьёр талаби эшон карду наёфт. Ва Сиёҳгилу Сом ҳар дуро дар заб аз зиндони Тармаша бибурданд.

Пас, аҳволи Тармаша ва сипурдани ду бародарони қассоб ва раҳоии эшонӣ роҳи зиндон падид омадан ва гумоштани шоҳ мардумонро бар сари роҳҳо, чунон ки рафта буд, бозгуфтанд. Конун дилтанг шуд. Он шаб дар хона буд. Рӯзи дигар худро бар одати хеш биёросту бо хизматгорон рӯй ба хизмати шоҳ ниҳод.

Конун чун пеши тахти шоҳ омад, хизмат кард ва заминро бӯса доду бистод. Мардуми шаҳр хуррамӣ карданд. Шоҳ вайро пурсид. Пас, гуфт:
— Фарзанди ман чун асту кор мекунад?
Гуфт:
— Эй шоҳ, ба саломат аст. Аммо чун банда меомад, овоза буд, ки саду сӣ ҳазор савор аз ҷониби Ҳалаб омадааст. Беш аз ин хабар надорам.

Пас, аҳволи корҳо, ки карда буд, бозгуфт, ки ошӯбу ғалаба дар шаҳр афтод.
Арманшоҳ гуфт:
— Бингаред, ки чӣ будааст, ки ногоҳ Қизилмалик ва Қатрон ва панҷоҳ савор ба боргоҳ расиданд. Арманшоҳ ба дидани фарзанд хуррам шуд. Гуфт:
— Чӣ будааст, чунин бесилеҳу маҷрӯҳ омадед ва лашкаргоҳ куҷост?

пешина
аз 290
навбатӣ