Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қизилмалик аҳвол бигуфт. Хурӯшу зорӣ дар шаҳр фитод ва дар ҳеҷ хона набуд, ки на таъзиягӣ буд. Қизилмалик аҳвол аз он замон, ки рафта буд, бо пеши падар бозгуфт. Арманшоҳ гуфт:

— Эй писар, бад-ин ҷониб хоҳад омадан ё на?

Қизилмалик гуфт:

— Эй падар, аз баҳри он, ки Маҳпарӣ бо мост, ночор ба талаби вай ояд.

Шаҳрони вазир гуфт:

— Надонам, ки аҳволи он лашкар чӣ гуна будааст ва чаро омадааст? Агар чунон аст, ки лашкари Марзбоншоҳанд ва дунболай фарзанди худ фиристодааст, ночор бар ин вилоят оянд ва тоқати эшон кӣ хоҳад дошт?

Арманшоҳ дар андеша буд. Шаҳрони вазир гуфт:

— Эй шоҳ, коре наказданӣ буд. Аммо тақдири яздон буд. Ночор эшон бад-ин ҷониб оянд аз барои Маҳпарӣ. Ва Маҳпарӣ дар қалъаи Фалакӣ аст ва ҳеҷ ба даст надоранд. Ва дигар чун бар ин ҷойгоҳ расанд, моро ҷанг бояд кардан. Ва лашкар ҳеҷ дар вилоят намондааст. Маслиҳат он аст, ки пеш аз эшон лашкари мо бирасанд. Ба вилоятҳо нома нависему сипоҳро бихонем, то чандон сипоҳ гирд оваранд, ки ҳеҷ кас тоқати эшон надорад. Ва ҳамаи масоф тааллуқ ба иқбол дорад на ба лашкари андаку бисёр. Агар на ба иқбол будӣ, Хуршедшоҳ чӣ гуна бадин вилоят омадӣ? Баъд аз он, ки ба ёвагӣ мегашт, бингар, ки кори ӯ ба куҷо расид.

Арманшоҳ ба Қизилмалику Меҳрони вазир ва паҳлавонон, ки ҳозир буданд, гуфтанд, некӯ рой задӣ. Ин тадбир мебояд кардан, ки ҷосус аз дари боргоҳ даромаду гуфт:

— Зинҳор, эй шоҳ! — Ва кулоҳ бар замин мезад.

Арманшоҳ гуфт:

— Чӣ будааст?

Ҷосус гуфт:

— Эй шоҳ, батар аз ин чӣ хоҳӣ, ки душман бар дари хона расид. Хуршедшоҳ бо саду ҳаштод ҳазор савор ба маргзори Заъфарон фуруд омаданд.

Арманшоҳ дилтанг шуд ва аз тахт ба зер омад ва дар хок нишаст тирепону ғамнок.

Меҳрони вазир гуфт:

— Эй шоҳ, дил машғул мадор. Бифармой, то мардуми ҷалду кордон ва файласуф дарвоза нигоҳ доранд ва бар сари кӯчаҳо чӯб афкананд ва посбонон бедору ҳушёр

пешина
аз 290
навбатӣ