Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бошанд. Пас, Шаҳрони вазир номаҳо бинависаду лашкар бихонем. Арманшоҳ гуфт:
— Он чӣ мебояд кардан, мекунед.
Дар он аҳвол Сурхвард мешунид ва он чӣ шоҳ мефармуд маълум кард. Бозгашту пеши Самак омад аҳвол бигуфт ва он чӣ лашкари Хуршедшоҳ расида буд ва Меҳрони вазир чунон рой ниҳод.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Сурхвард, мурод баромаду ба мақсуд расидем.
Ва он дарди шикам бар вай сокин шуда буд. Гуфт:
— Эй Сурхвард, ҳоли Сиёҳгилу Сом донӣ, ки чун аст? Гуфт:
— Беҳтар шуданд ва ба пой баромадаанд.
Ва аҳволи Оташаку Дилором ва Собиру Самлод ва Хумори падари эшон бозпурсид ва Беҳзоду Размёр, гуфт, чӣ гунаанд?
Сурхвард гуфт:
— Ҳамчунон барҷоянд.
Самаки айёр гуфт:
— Раво бошад.
Пас, модари Сурхвардрова бихонд. Биёмад ва об гарм карду Самакро дар миёни сарой сар бишуст. Самаки айёр биёсуд.
Пас, гуфт:
— Эй Сурхвард, гӯш медор, ки чун аз лашкари Хуршедшоҳ расул биёяд, ба ман бозгӯй, то ман тартиб бисозам.
Ин бигуфтанду дар интизор мебуданд.

Чунин гӯяд худованди ҳадис ва ровии қисса ва муаллифи китоб. Чун Хуршедшоҳ ба марғзори Заъфаронӣ фуруд омад, Ҳомони вазир хидмат карду гуфт:
— Эй шоҳзода, банда чун дар хидмати Марзбоншоҳ будам, насиҳат фармуд, ки чун ба фарзанди ман расӣ, агар ӯро осуда ва ба саломат бинӣ, ҷаҳд кун, то ҷанг накунад ва дар миёни халқи Худой сулҳ кунад. То хуни кас рехта нашавад, ки вубол бошад ва ман бандаро ҷанг фармуд. Акнун моро чунин коре пеш омад ва халқи бисёр ҳалок шуданд. Агарчи на қасди мо буд ва чун ночор бад-ин ҷониб омадем, ҷанг боист кардан, аз баҳри он, ки Маҳпариро ба даст оварем. Акнун чунон маслиҳат мебинам, ки фармони шоҳ ба ҷой оварам ва насиҳати ӯ кор бандам. Ва аввал нома

пешина
аз 290
навбатӣ