Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фиристем ба Арманшоҳ ва Маҳпариро бозхоҳем. Агар бозфиристад, нек вагарна эшон тақсир кунанд, гуноҳи эшон бошад. Мо узри худ ниҳода бошему ҷаҳд карда ва фармони шоҳ ба ҷо оварда.
Шоҳзода гуфт:
— Фармон турост, чунон ки бояд кардан, мекун.
— Ҳомони вазир дарҳол қаламу давот хост. Давотдорони хос биёмаданд ва он ганҷури соҳибгуфтори ганҷи шойгонӣ бо мурғи хушпарвозу саҳифапаймо ва дар кофури ҳасаб дар пеши Ҳомони вазир даст фароз кард ва он мурғи хушилҳони хубсухани бисёргӯи безабони ройнамон заифҳайкали қавиниҳоди ошиқчеҳраи латифрафтор дар миён кашида ва корди қалам дар дасти ӯ чун теғи буррон навохт. Сараш аз тан бияндохт, то он мурғи бесару пой ба забон омад. Қалам дар миён гирифту сари ӯ ба мушку заъфарон олуда кард ва он мушк ӯро олуда асир гардонид. Пас, ӯро ба саҳифаи кофур ҷавлон дод, то он чӣ дар дил буд, дар баёзи саҳифа бинамуд.
Аввал номи яздон ёд кард, ки: «Ин нома аз ман, ки Хуршедшоҳ бинни Марзбоншоҳ подшоҳи Эрону Тӯронам ва дигар Ҳомони вазир, вазири Марзбоншоҳ, ба Арманшоҳ, — подшоҳи Мочин. Бидонад ва огоҳ бошад, ки омадани мо дар ин вилоят тақдири яздон аст. Филҷумла Хуршедшоҳ бад-ин вилоят омад, ба хостгории Маҳпарӣ ва мо аз дунболай вай омадем. Чун расидем, шоҳ Фағфур чунон ки тақдир рафта буд духтар ба вай арзонӣ дошт ва аз он сабаб панҷоҳ ҳазор савор сар дар хок шуд. Ва чун моро хабар маълум шуд, ки Маҳпарӣ дар дасти шумо аст, ки аз қалъаи Шоҳак ӯро бибурдаанд, омадем. Ва дар наздики оқилон зане ба ду шавҳар раво набуҳад ва низ духтари подшоҳон ба дуздӣ бурданд. Филҷумла аз рафта сухан намегӯем. Акнун ба шафоат мехоҳем, бидон, ки бозгардем ва агар як ман ҷав ё як ман коҳ аз вилояти шумо бистонем, ба ҳар як ман диноре сурх бидиҳем ва миёни мо дӯстӣ бошад, ки ҷаҳон ин ҳама нест, ки бо ҳам душманӣ кунанд ва хуни халқ рехта шавад.
Шоҳи Мочин донад, ки мо ҳаргиз ҳавои ин ҷониб надорем ва набудӣ. Аммо аз барои Маҳпарӣ сабаби чандин ҳазор одамӣ, ки хун рехта шавад ва аз вилояти мо то бад-ин ҷой роҳ се ҳазор фарсанг роҳ аст. Ва чун Хуршедшоҳ бад-ин ҷониб омад, моро ночор бибояд омадан ва ӯро ба мурод бози падар расонидан. Акнун муддати се сол аст, то Марзбоншоҳ дар орзуи дидори вай мондааст. Агар чунон

пешина
аз 290
навбатӣ