Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
аст, ки берун аз ин хоҳӣ кард, ҷанги моро омода бош, ки мо саду шаст ҳазор савор омадаему биёмадаем ва бад-ин басанда мабош, ки фардо шоҳ Фағфур аз Чин бирасад, бо ҳаштод ҳазор савор. Ва агар дар ин кор даранг афтад ва чанд рӯз бозмонад, Марзбоншоҳ — падари Хуршедшоҳ бо сесад ҳазор савор бирасад ва хуни халқ рехта шавад, ки якеро ба зинҳор надиҳем ва хуни чандин ҳазор халқ дар гардани ту бошад. Ва ҷавоби яздон туро бозбояд додан. Мо он чӣ донистем, гуфтему ҳуҷҷат гирифтем. Боқӣ ту донӣ? Вассалом».
Нома тамом карду пеши Хуршедшоҳ ва паҳлавонон ниҳод, то бархонанд ҳама офарин карданд. Хуршедшоҳ пас он номаро мӯҳр барниҳод.
Ҳомон гуфт:
— Моро касе бояд, ки шаҳри Мочин дида бошад ва расми эшон донад, то ин нома пеши Арманшоҳ бараду ҷавоби нома чунон ки бояд, бистонад.
Шерӯяи Шерафкан бархосту гуфт:
— Эй султонулвузаро, ҳар ки аз мо дар вилояти Мочин равад, сар бознаёрад, агарчи ба расулӣ рафта бошад, ки аз мо мардуми шаҳри Мочин на он дард доранд, ки шарҳ тавон дод. Алалхусус, ки Меҳрони вазир он ҷост, — он ҳаромзодаи муфсиди бадфеъл, ки ин ҳама фитна аз вай бархостааст.
Ҳомони вазир рӯй ба сипоҳи хеш карду гуфт:
— Кист, ки ин нома ба Мочин бараду ҷавоби нома бозэварад?
Аз миёни паҳлавонон, ки бо ӯ буданд, Хурдасби Шайду бар пой хост ва хидмат кард ва гуфт:
— Ин нома ман бубарам ва ҷавоби нома бозоварам.
Ва он Хурдасби Шайду марде буд, паҳлавону забоновар ва сухандону нуктагӯй ва ҳозирҷавоби хушсухан. Номаи шоҳ баргирифту бо дувист ғуломи азони хеш рӯй ба шаҳр ниҳод, то ба дарвоза омад.
Дарвозаҳо баста буду мардумон ба болои ҳисор баромада, манҷаниқ меоростанд. Хурдасби Шайду бифармуд, то овоз диҳанд, ки расуле аз Хуршедшоҳ омадааст. Овоз доданду бигуфтанд. Касе аз дарвоза ба сарои шоҳ рафт ва хидмат кард.
Гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, мегӯянд, ки расуле омадааст. Чӣ фармой? Ӯро дар шаҳр оварем ё на?
Шаҳрони вазир бо Меҳрони вазир гуфтанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо