Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй шоҳ, ба шаҳр бояд овардан, то бингарем, ки чӣ мегӯянд. Ва сухан гуфтани вай бидонему аҳволи вай бишнавем, ки чӣ месозанд ва муроди эшон чист.
Шоҳ бифармуд, то боргоҳ биёроянд. Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, ту ба саодат дар сарой рав ва мебош, то расул биёяду биншинад. Он гоҳ ту ба боргоҳ дарой.
Шоҳ гуфт:
— Чунин кунам.
Пас, расулдоронро бихонду гуфт, биравед ва ин расулро ба шаҳр дароваред, то ба боргоҳ ояд. Чун расулдорон бирафтанд, Арманшӯҳ аз боргоҳ ба ҳуҷраи занон рафт ва Сурхвард истода буд, дарҳол бозгашту пеши Самак рафт ва аҳвол бигуфт.
Самаки айёр гуфт:
— Ҳеҷ донӣ, ки кист, ки ба расулӣ омадааст? Сурхвард гуфт:
— Надонам. Расулдорон рафтанд, ки расулро ба шаҳр оваранд. Самак хуррам шуд. Гуфт:
— Эй паҳлавон, берун хоҳам рафтан, то бингарам, ки ин расул кист? Аз Чин аст ё аз Ҳалаб.
Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, бар худ зинҳор махӯр ва ба пои худ дар дом марав, ки шаҳре дар ошӯб афтода ва хосу ом дар талаби кори ту. Ва Конуну хидматгорон туро ба ҷон меҷӯянд ва Тармаша туро дар об талабгор аст. Ва душмани азимтарин Меҳрони вазир аст, ки дар сарои шоҳ аст. Ва набояд, ки хатои афтад ва кас туро бишносад, надонам, ки чӣ гуна бошад. Набояд, ки коре дарафтад, ки бад-он ранҷурдил шавем.
Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавон Сурхвард, аз ин андеша нест. Ҳар киро яздон ёр бошад, сад ҳазор душман бо вай чӣ тавонанд кардан?
Ин бигуфту бархост, ҷубба дарпӯшиду кулоҳе нав бар сар ниҳод ва дасторе болои кулоҳ дар сар бипӯшиду кафш дар пой кард ва шамшер ҳамоил кард бар гунаи сарҳангон. Густохвор аз сарой берун омад, то бар дари сарои шоҳ расид. Сад ҳазор зану мард дид бар дару деворҳо ва саройҳо истода ва бар дари сарои шоҳ, мардум ба ҳам бармеомаданд. Самак худро дар сафи сарҳангон афканду биистод ва сар дар пеш афканд ва ба кас нигоҳ намекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо