Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Ҳар ки ӯро медид, мегуфт, марди хидматгор аст. Аз ғалабаву ошӯб касро парвои кас набуд.
Соате буд. Хурдасби Шайду бирасад ва расулдорон, дар пеши вай лашкаре бисёр савор гашта. Чун Хурдасби Шайду бар дари сарои шоҳ расид, он ғалабаву ошӯб медид. Нигоҳ кард, ҳоҷибону сарҳангон даромаданд ва Хурдасби Шайдуро пиёда карданд. Самак дар Хурдасби Шайду нигоҳ кард. Марде бо ҳайбату сиёсат дид. Бо худ гуфт, ки паҳлавони азим аст, ки дар чунин ҷойгоҳ ва миёни чандин ҳазор душман тағйире накардааст.
Пас, даромаду худро дар пеши Хурдасби Шайду афканду гуфт:
— Роҳ диҳед!
Ва фарзёду ғалаба мекард. Хурдасби Шайду нигоҳ кард, сарҳанге дид боҳайбат, ки дар пеши вай мерафту мардумро дур мекард. Ва бо худ гуфт: «Магар аз лашкари Чин аст ё аз байни шаҳр асту инояте мекунад?» Ҳамчунон меомаданд, то бар дари сарои шоҳ расиданд. Хурдасби Шайду нигоҳ кард, даре дид аз айвон ба кайвон баркашида ва чафте бар дари сарой дид овехта ва ҳалқаҳои сулаймонии заррин даровехта ва дукконҳои фиръавнӣ баста ва ҳасирҳои мисрӣ даркашида ва даргоҳи сигзӣ ва туркӣ ва гурчӣ ва румӣ ва арманӣ ороста, тирҳои ломалифсар дарҳам ба гавҳар ороста бидошта ва иткилҳое ба болон дар афканда ва бонгу хурӯш ҷаҳон дар ошӯб дошта.
Чун Хурдасби Шайду бар дари сарой омад, занҷирдор занҷир даркашид. Пардадор парда бардошт. Самак дар пеши ҳоҷибон дасти Хурдасби Шайду бигирифт, то аз пардачаи якуму дуввуму саввуму чаҳоруму панҷӯму шашӯм даргузашт. Чун ба пардаҳои ҳафтӯм расид, пардадор таноби абрешим даркашид. Пардаи занбӯрӣ дар ҳаво рафт. Бар дасти рости парда бар динормехи заррин афканд. Миёни сарой падид омад. Чаҳор садгом дар чаҳор садгом, аз чаҳоргуна хишт дар миёни сарой афканда ва дарҳол ба хашабу 2 қалъ маҳкам фурӯ гирифта ва чиҳил ҳуҷра дар миёни сарой кушода ва аз ҳуҷрае пардаи занбӯрӣ овехта ва бар болои ҳар ҳуҷра қафасе аз оҷу обнус ва сандалу хизрон овехта, дар ҳар қафасе мурғе чун дурвоҷу қумрӣ ва булбулу сулсулу ҳазордастон овоз даркашида ва ҷумлаи боргоҳ ба дебову атласу зарбафт ороста ва ғуломон қабо дарбаста ва банди қабо тофта ва ҳоҷибон истода ва паҳ-
1 Ч а ф т — ҳавоза.
2 Х а ш а б — чӯб; қалъ — як навъи маъдан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо