Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
лавонон дар ҳар тарафе ба курсиҳои заррину симин нишаста ва дар баробари суффа ҳазор марде тахте афканда ва ба дебои зарбафт ороста ва чаҳор болиш ниҳода ва дар миёни чаҳор болиш касе не.
Хурдасби Шайду аҷаб дошт, бар дасти рост ду курсии заррин ниҳода буданд. Яке Меҳрони ҳаромзода бар ӯ нишаста буд. Ва Самак ҳамчунон дар пеш ва ҳамаро давр мекард, то ҳоҷибон биёмаданд. Ва бар дасти рости шоҳ курсии заррин ниҳода буд, ду болише забари он ниҳода.
Хурдасби Шайдуро бар он нишонданду Самак болои сари вай ба хидмат биистод, такя бар шамшер карда.
Хурдасби Шайду гумон бурд, ки аз хидматгорони шоҳ асту хидматгорони шоҳро гумон буд, ки хидматгори расул аст. Самак истода буду назора мекард. Хурдасби Шайдуро дил дар андеша, ки шоҳ куҷост ва чаро боргоҳ раҳо кардааст? Дар ин андеша буд, ки ногоҳ аз баробари ӯ парда бардоштанд. Миқдори сад ғуломи моҳрӯй омаданд, ҳама бо қабоҳои атлас, бо камарҳои зар ва бо кулоҳҳои муфаррақ. Арманшоҳ дар миёнаи эшон хиромон. Дар пеши вай Хурдасби Шайду он ҷо истода, ба тахт баромад. Умарои давлат ба пой бархостанду хидмат карданд, то шоҳ биншаст.
Сурхвард ва Собиру Самлод омада буданд ва назора мекарданд ва бо якдигар мегуфтанд, ки аҷаб марде, ки ин Самак аст. Ва заҳра бад-ин азимӣ дорад, ки дар чунин ҷойгоҳ истодааст ва шахсе чун Меҳрони вазир дар пеш рӯи ӯ нишаста, ки бо вай баромадааст, худ ин андеша намекунад. Инчунин марде бо дилу заҳра дар ҷаҳон куҷо ба даст ояд.
Эшон дар гуфтор, ки Арманшоҳ ҷулоб хост. Ҷулобдорони хос даромаданд. Ва табақҳои заррину симин бар дасту косаҳои заррин бар он табақ ниҳода ва наботу табарзад бар он афканда ва сарпӯшҳо барафканда. То шарбате хос бар дасти чошнигирон ниҳоданд, то чошнӣ гирифтанду ба дасти Арманшоҳ доданд. Шоҳ бозхӯрд. Шаробдор шарбате бар дасти Хурдасби Шайду ниҳод. Самак аз болои сар гуфт:
— Чаро чошнӣ нагирифтию беадабӣ кардӣ? Надонистӣ, ки чошнӣ бояд гирифтан?
Шаробдор чошнӣ гирифт. Самак аз дасти вай биситиду
пеши Хурдасби Шайду ниҳод. Ба чашм дар Самак нигоҳ
1 Табарзад — шакар, наботе, ки бисёр сахт бошад ва ӯро бо табар тарошидаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо