Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кард. Самак сар дар пеш бурд бо ҳукми он, ки шарбате меситонад.
Гуфт:
— Манам бандаи Хуршедшоҳ. Чун ба хизмат расам, аҳвол бигӯям.

Пас, аз ҷулоб хӯрдан фориғ шуданд. Хонсолорон биёмаданду хон бардоштанд. Фаррошон биёмаданд ва ташту офтоба биёварданду дастҳо бишустанд. Пас, шаробдорони маҷлис базм биёростанд. Самак ишорат ба Хурдасби Шайду кард, ки шароб махӯр, то нома арз кунӣ.

Пас, соқӣ шароб дар пеши Хурдасби Шайду дошт. Хурдасби Шайду бархосту хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳ, моро одат набошад, ки чун ба расулӣ ба хизмати подшоҳе равем, шароб хӯрем, то номае, ки дорем, арз кунему ҷавоби он биёбем.

Арманшоҳ гуфт:
— Нома биёвару арз кун, ва агар ба забон пайғом дорӣ, бигӯй.

Хурдасби Шайду хизмат кард ва даст дар бари қабо карду ҳарире сапед берун овард ва нома дар миёни ҳарир печида. Ва бӯса доду бар чашму сар молид ва ба гӯшаи тахти Арманшоҳ ниҳод ва ба хизмат биистод.

Арманшоҳ гуфт:
— Биншин.
Хурдасби Шайду гуфт:
— Эй шоҳ, одат набошад, ки чун номаи шоҳи мо хонанд, биншинем.

Пас, Арманшоҳ баргирифту бар дасти Шаҳрони вазир дод. Шаҳрони вазир он ҳарир бозкарду нома берун овард ва мӯҳр баргирифту нома хондан гирифт ва шарҳи он ба Арманшоҳ бозмегуфт. Ва маънии он баён мекард ва маълуми шоҳ мекард, то нома ба поён расид. Шоҳ он ҳама сухани хуб бишнид ва он таҳдиди фаровон бидид. Сар бар пеш афканду ба андеша фурӯ рафт ва нома бар даст мегардониду мегуфт: «Агар Маҳпариро боздиҳам, фарзанди ман дилозурда шавад ва низ тарсам, ки аз қаҳр ҳалок шавад ва агар бознадиҳам, бо эшон масоф бояд кардану маро тоқати он нест».

Дар ин андеша мебуд. Қизилмалик аз болои сари падар истода буд, даст фароз карду нома баргирифт ва пора-пора карду бияндохт. Гуфт:
— Эй падар, чаро фурӯ мондай? Эшон мардонанду мо

пешина
аз 290
навбатӣ