Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

номардонеме, ки ба тоати эшон равем ва низ Маҳпарӣ бад-эшон диҳем?

Рӯй ба Хурдасби Шайду карду гуфт:
— Эй паҳлавон, дар Чину Мочину Дамованд мард намонд, ки аз Ҳалаб марде биёяду духтар аз миёни мо бубарад? Бозгарду шоҳро бигӯӣ, ки мо ба мардӣ ин кор кардем ва духтари шоҳ Фағфурро овардем ва низ нахоҳем дод, магар ки бистонӣ.

Хурдасби Шайду гуфт:
— Эй шоҳзода, ту кӯдакию намедонӣ, ки чӣ мегӯӣ. Кори подшоҳон бо подшоҳон раҳо бояд кард ва гуфтани ӯ худ бигӯяду бикунад. Эшон донанду ту надонӣ. Ва дигар ба ҳадиси мардӣ рост мегӯӣ, мо ба номардӣ аз Ҳалаб омадаем? Як нишон дидию ҳанӯз аз оташи мо дуде ба шумо нарасид. Чандин халоиқ сар дар хок шуд ва дар ҳазимат омадан бод шуморо дарнаёфт. Агар ту ба мардӣ духтари Фағфурро овардӣ, туро муборак бод. Агар тавонем боз ситонем вагарна, туро бошад. Мо бозгардем ва ба вилояти худ бозравем ва дар ҷаҳон мард ту бошӣ.

Қизилмалик чун ин сухан бишнид, хашм гирифт ва курсии заррин, ки ниҳода буд, даррабуду ба Хурдасби Шайду андохт. Самак истода буд. Онро ба шамшер рад кард, то ранҷе ба Хурдасби Шайду нарасид. Аз он кор Хурдасби Шайду офарин кард. Самак рӯй ба Қизилмалик карду гуфт:
— Эй шоҳзода, ин расул аст. Ҳар чӣ гуфтани бошад, бигӯяду ҷавоб бишнавад, агар дурушт, агар нарм. Ҳам бар он мӯҷиб, ки шунида бошад, бигӯяд. Ҷавоб додан равост. Чӯбу банду зиндон бар вай нест ва ин курсӣ андохтан хато буду дар хизмати шоҳ буд.

Хурдасби Шайду сар дар пеш афканд ва сухан намегуфт, то соате баромад. Пас, сар бароварду гуфт:
— Эй шоҳ, ҷавоб бифармой, ки ҳурмати ту нигоҳ доштем ва бо шоҳзода арбада наҷустем, бад-ин беадабию ноҳамворӣ, ки дар хизмати ту кард. Бо подшоҳон бозгӯем, ки дар боргоҳи Арманшоҳ бо мо чӣ карданд.

Арманшоҳ гуфт:
— Эй паҳлавон, моро одат чунон аст, ки расуле, ки биёяд, як ҳафта раҳо накунем, ки биравад, то кори вай некӯ бингарем, чунон ки тавонем ва моро мурод ояд, ҷавоби вай боздиҳем.

Хурдасби Шайду гуфт:
— Фарманбардорам. Фармон шоҳрост.

пешина
аз 290
навбатӣ