Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Бархост. Ва шоҳ ба расулдор фармуд, ки ӯро ба ҷойгоҳе фуруд овару нусхати 1 харҷи эшон ба поён бар ва вуҷӯҳи 2 асбоби эшон бистону рост медор аз ҳар чӣ ба кор меояд.
Хурдасби Шайду берун омаду расулдор дар пеш афтода ва Самак бо ин қавм буд, то эшонро ба сарой фуруд оварданд. Расулдор бозгашту тартиби шуғли эшон месохт ва Самак дар пеши Хурдасби Шайду биншасту аҳволи хеш аз аввал то ба охир, ки ба Хуршедшоҳ пайваст ва чигунагии корҳо, ки афтода буд, то бадон соат, ки пеши вай буд, аз ҳар чӣ карда буду сохта, бозгуфт. Ва Хурдасби Шайду он ҳадисҳо аҷаб дошт ва бар вай офарин кард.
Пас, гуфт:
— Эй паҳлавон, Ҷумҳур аҳволи ту дар пеши Марзбоншоҳ гуфт ва Хуршедшоҳ низ аҳволи ту навишта буд ва лашкар хоста Марзбоншоҳ офарин карду хуррамӣ намуд ва туро дуо гуфт ва фармуд, ки чун Хуршедшоҳ ба саодат бозояд, сад ҳазор динор моли азони Алъёну Алъёр ба ту арзонӣ дорад. Донам, ки аҳволи эшон шунида бошӣ, ки бо Хуршедшоҳ буданду қадр карданд. Яздон эшонро нагзошт.
Самак гуфт:
— Шунидам. Аммо, эй паҳлавон, Марзбоншоҳ ин навохт, ки кард, дархӯри ҳиммати олии худ фармуд, вагарна ман кӣ бошам, ки Марзбоншоҳ чунин фармояд? Ва марди нодошти айёрпешаам. Агар ноне ёбам, бихӯрам, вагарна мегардам ва хидмати айёрону ҷавонмардон мекунам ва коре гар мекунам, он барои ном мекунам, не барои нон. Ва ин кор, ки мекунам, аз барои он мекунам, ки маро номе бошад, чӣ дархӯрди иқтоъу вилоятам?
Хурдасби Шайду гуфт:
— Эй паҳлавон, бад-ин ҳунар, ки ту дорӣ, сазовори сад чандинӣ. Офарин бар ту бод ва бар модари падари ту бод!
Самак хидмат карду офарин кард ва аз ҳар гунае сухан мегуфтанд. Ва Сурхварду Оташак аз дунболай ӯ омада буданду дар пеши эшон истода, то рӯзи равшан тира гашт ва сиёҳ шуд.
Самак гуфт:
— Эй паҳлавон, бираваму Сиёҳгилу Сом ва Беҳзоду Размъёрро биёварам, то дар ин сарой мебошанд. То чун ту ба саодат меравӣ, эшонро бо худ бибарӣ.
1 Нусхат — рӯйхат.
2 Вуҷӯҳ — қароҷот.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо