Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Хурдасби Шайду гуфт:
— Раво бошад.
Дарҳол Самак бо Сурхвард бирафт ва Сиёҳгилу Сомро биёвард ва аз сарои Хумор Беҳзоду Размъёрро биёвард ва Дилором бо олоти шаробхона. Беҳзоду Размъёрро дар он гунбад банд барниҳоданду пеши эшон ҳеҷ кас нагзоштанд, магар Сурхварду Оташак.
ПАС, рӯзи дигар Хурдасби Шайду ғуломони хеш ду-се бор тозон бозфиристод, пеши Хуршедшоҳ ва аҳвол бознамуд, ки маро бозгирифтаанд, то ба як ҳафта ҷавоб надиҳанд, то шоҳро маълум бошад. Пас, бар ин кор месбуданд.
Сурхвард бо Оташак дар шаҳр ба ҷосусӣ мегаштанд бо дигарон. Ва Самак дар пеши Хурдасби Шайду, аҳвол мегуфтанд аз он лашкар ва аҳволи бурдани Маҳпарию корҳо, ки афтода буд. Аз баҳри Маҳпарӣ дилтанг мебуданд, то Самак гуфт:
— Паҳлавон ин ҳама ғуссаву ранҷ аз баҳри Маҳпарӣ буд. Ҳеҷ шунидӣ, ки ӯро куҷо бурдаанд? Бад-ин шаҳр дароварданд?
Хурдасби Шайду гуфт:
— Намедонам.
Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавон, ман ин ҷо аз барои коре бозмондаам вагарна, дер будӣ, то ман Маҳпариро ба даст овардаме. Тармашаи зиндонбонро мехоҳам, ки дар банд оварам, азбаски корҳои ношоист карда буд.
Пас, аҳволи Тармаша аз он чи карда буд ва он ду ҷавони қассоб дар ҳалок хост афкандан, ҳама шарҳ дод. Пас, гуфт:
— Бо ин ҳама дар шаҳр ба талаби ман мегардад, то маро дар дом орад. Имшаб бихоҳам рафт ва талабгори ӯ бошам, бошад, ки ӯро ба даст оварам, то фориғдил бошам.
Ва Тармаша ба шаҳр ба сурати гадоён мегашт. Ва ба ҳар сарой мерафту неку бади ҳар сарой менигарид ва кори ҳар маҳаллат гӯш медошт. Сурхвард ҳамаи аҳволи ӯ гуфта буд. Пас, чун шаб даромад, Самак аз пеши Хурдасби Шайду берун омаду рӯй ба роҳ ниҳод ва дар шаҳр мегашт. Самак аз пеши Тармаша мерафт ва ба ҳар маҳаллату кӯча талаби Тармаша кард ва ҳеҷ нишон аз вай намеёфт, ки ногоҳ бар сари кӯчае расид. Нигоҳ кард, гурӯҳе занонро дид, ки дар кӯча мерафтанд ва овози мутрибон шунид, ки меомад. Магар чизе дар дили Самак омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо