Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак даррафт бо он занон. Қазоро духтаре ба шавҳар медиданд ва Тармаша бо эшон ҳамроҳ бор он сарои арӯсӣ даррафт ва дар устувор дарбаст. Самак бо хештан гуфт: «Чаро ӯро нагирифтам? Ман дар талаби вай чун ӯро дидам чаро нагирифтам. Ақл бо ман набуд». Ин бигуфту бар дари сарои омад. Аз калиддон нигоҳ кард. Тармашаро дид нишаста, ҷодар ва мӯзаи занон дар канор мегирифт. Аз ҳар зане ҷодаре ва мӯзае баргирифту аз сарои берун омад. Ва Самак дар гӯшае пинҳон шуду раҳо кард, то порае роҳ бирафт, чунон ки аз маҳаллати арӯсӣ берун омад.
Самак ӯро нигоҳ медошт. Пас, аз дунболи вай даромад ва ӯро бигирифту гуфт:
— Эй ҳаромзодаи бадфеъл, ҷодару мӯзаи занон куҷо хоҳӣ бурдан? Муште чанд бар вай зад.
Тармаша гуфт:
— Эй озодмард, на дуздам, ки ин ҷодарҳо ва мӯзаҳои ин занон аст, ки ба сарои эшон мебарам:
Самак гуфт:
— Эй нобакор, маро намешиносӣ? Ман аз он мардонам, ки бо ман дурӯғ чунин гӯянд? Ҳилати ҳазор чу ту маро аз роҳ натавонад бурдан.
Ин бигуфт ва дасту пои вай дарбасту баргирифт ва ба сарои оварду гуфт:
— Тармашаро овардам.
Тармаша нигоҳ кард. Оташакро дид ва Сурхварду Хурдасби Шайду, Гуфт:
— Ин чӣ ҷойгоҳ аст? Ва ин мардон аз куҷоанду маро кӣ овард?
Самак гуфт:
— Маро намешиносӣ, талабгори ман чаро будӣ?
Самак гуфт:
— Бияфканед ин ҳаромзодаро.
Ҳанӯз нагуфта буд, ки ӯро бияфканданд ва Сом аз гунбад берун ҷасту ӯро чаҳормех кард. Гуфт:
— Ин ҳаромзода буд, ки маро чӯб мезаду ҳалок хост кардан, аз бисёрии чӯб, ки маро зада буд. Дар ин муддат ҳанӯз бо худ наёмада будам.
Ин бигуфту чӯб овард ва пеши Самак бинҷод. Тармаша нигоҳ кард. Сиёҳгилу Сомро дид пеши вай истода. Ва ӯро дашному сақат мегуфтанду хорӣ менамуданд. Самак он ҷодарҳо ва мӯзаҳо ба Сурхвард доду гуфт:
1 Сақат — бадгӯй.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо