Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Ба фалон ҷой бирав ва дар сарой андозу бозгард, то ман бигӯям, ки бо ин ҳаромзода чӣ мебояд кардан.
Сурхвард ҷодару мӯза ва он чӣ буд, баргирифту бад-он сарой рафт ва дар миёни занон андохту бозгашт.
Самак бархосту чӯб дар даст гирифт ва ба наздики Тармаша омад ва як чӯб фурӯ гузошт бар андоми Тармаша, чунон ки аз қафо то пошна бирасид ва ҳафт-ҳашт ҷой пора шуду хун равона шуд. Тармаша фарҷёд баровард, то Самак чаҳор чӯб мезад. Тармаша гуфт:
— Эй Самак, зинҳор агар мардӣ, як чӯби дигар занӣ, беҷон гардам. Маро бознишон, то сухане гӯям, ки туро хуш ояд, ки донам ин роз бар ту пӯшидаасту мехоҳӣ, то бидонӣ.
Вагарна чунон бошад, ки дили ту хоҳад, ҳар чӣ хоҳӣ, бикун бо ман.
Самак ӯро бознишонд. Тармаша об хост. Ӯро об доданд, то бозхӯрд. Гуфт:
— Эй Самак, ба ҳаққи ҷавонмардӣ, ки маро бигӯӣ, ки ту будӣ, ки дар боргоҳи Арманшоҳ маро чӯб задӣ, ки ин захми чӯб ҳам бад-он мемонад?
Самак гуфт:
— Бале, ман будам. Захми чӯби ман ҳамин кор кунад.
Акнун бигӯӣ, то чӣ хоҳӣ гуфтан.
Тармаша гуфт:
— Эй Самак, аз аҳволи Маҳпарӣ хабар дорӣ, ки аз қалъаи Шоҳак ӯро овардаанд?
Гуфт:
— Бале, ва ман талабгори ӯяму намедонам, ки ӯро куҷо бурдаанд.
Тармаша гуфт:
— Эй паҳлавон, ӯро ба қалъаи Фалакӣ бурдаанд ва он
қалъа ҷойгоҳе ниҳодааст азим дар миёни дарахтистони
бисьёру бар сари санг ниҳодааст. Кӯҳи фаровон ва ҷойгоҳе, ки мурғ бар болои он қалъа натавонад паридан. Донам,
ки ту он қалъа надида бошӣ. Қалъае азим устувор аст ва
рафтани бар болои қалъаро чора надонӣ. Аммо агар ба
ҷон зинҳор диҳӣ, рози он бар ту ошкоро кунам, ба чӣ
ҳилат бад-он қалъа мебояд шудан. Ва Маҳпариро чӣ гуна
ба зер мебояд овардан ва ман худ бо ту биёям. Ва агар
чунон аст, ки ту натавонӣ омадан, Оташакро бо Сурхвард
бо ман бифирист, то ман Маҳпариро аз он қалъа биёва-,
раму ба Хуршедшоҳ расонам. Валекин туро савганд мебояд хӯрдан, ки маро ба ҷон зинҳор диҳию чӯб назанӣ ва на-г

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо