Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фармой. То ман ҳамчунон савганд хӯрам, ки он чӣ ту фармой, бикунам.

Самаки айёрро сухани Тармаша дар дил ҷой гирифт ва қабул карду гуфт:
— Чунин кунам.

ПАС, Тармаша савганд хӯрд, чунон ки Самаки айёр писандид. Ва он ҳаромзода ба забони ин мегуфту ба дил ба худ мегуфт, ки: «Агар коре накунам, ки то ҷаҳон бошад аз он бозгӯянд, пас на Тармашаам». Чун савганд хӯрд, Самак низ савганд хӯрд, ки агар Тармаша ҳилат накунад ва аҳд ба ҷой овараду хиёнат накунад, Самак ӯро наёзорад.

Ин аҳд бикарданду ҳар ду савганд хӯрданд. Самак ӯро бикшоду пеши худ биншонд. Ва Оташаку Сурхварду Сиёҳгилу Сом ҳозир буданд. Самаки айёр гуфт:
— Эй Тармаша, дарвозаҳо бастааст, чӣ гуна равем?

Тармаша гуфт:
— Ба рӯз кушодааст. Халқ меоянду мераванд. Агар хоҳӣ, ин соат бархез, то биравем.

Самак бархосту аз хона берун омад.
Тармаша гуфт:
— Эй паҳлавон Самак, ба хонаи ман биравем, то ман ҷомаи роҳ дарпӯшаму чизе, ки ба кор бояд, баргирем, то ба қалъа рафтан тавонем.

Самак гуфт:
— Раво бошад.

Самак бо худ гуфт, ки: «Магар Тармаша савганд бардурӯғ накунад ва ғадр накунад». Бо вай ба сарой рафт. Ва Самакро биншонд ва тартиби роҳ мекард ва ҷомаю пойафзор бармегирифт.

Тармаша бо ишорат бо канизаки худ гуфт: «Чун мо биравем, ба имдод ба сарои шоҳ раву бигӯй, ки Тармаша Самакро ба қалъаи Фалакӣ бурд, ки ӯро маҳбус кунад ва дар он хона, ки Хурдасби Шайду фурӯ омадааст, бандиёнро талаб кун, — Сиёҳгилу Сому Оташак. Ва бигӯй, ки ман худ хостам, ки биёяму бигӯям, аз пеши Самак бадар натавонистам омадан».

Пас, Тармаша бо Самак ба дарвоза омаданд, чунон ки он соат, ки дарвоза мекушоданд, бадар рафтанд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд. Пас, чун рӯз равшан шуд, канизаки Тармаша бархост ва ба дари сарои Арманшоҳ омад ва хидматгорони шоҳро гуфт, ки бо шоҳ сухане дораму муҳим аст.

Ва дар он ҳол Арманшоҳ бо Шаҳрони вазиру Меҳрони вазир ва Қизилмалику паҳлавон ҳозир буданду номаҳое

пешина
аз 290
навбатӣ