Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба атрофи Мочин равон мекарданд ва аҳволҳо мегуфтанду чораҳо месохтанд. Ва дар он ҳол нома ба Дувоздаҳдараи пеш, ба Тароқу Айлоқ мефиристоданд, ки ду бародар буданду худованди кулоҳ буданд ва ба биёбони Чавзиҳон бо Аркилки паҳлавон ва писари Тайёршоҳи Заргун ва ба вилояти Ялмун паҳлавони Дарозпои Оҳанқабо ва ба атрофҳои дигар мефиристоданд, ки ҳоҷибе аз дар даромаду хидмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳ, канизаки Тармаша истодааст ва мегӯяд, ки сухане бо шоҳ дорам.
Шоҳ бифармуд, то канизакро дароварданд. Канизак дар пеши тахти шоҳ хидмат карду гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, Тармаша саҳаргоҳ ба сарой омад. Марде бо вай буд. Надонам кӣ буд. Лекин Тармаша пинҳон аз вай бо ман гуфт, ки шоҳро бигӯӣ, ки ман Самакро ба қалъаи Фалакӣ бурдам, ки ӯро дар банд оварам.
Ту кас фиристу бандиёнро талаб кун, аз пеши расул.
Арманшоҳ чун ин сухан бишнид, дарҳол бифармуд, то дувист савори пӯшидасилеҳ бираванд. Ва гирди он сарой фурӯ гирифтанд, ки Тармаша нишон дода буд. Хурдасби Шайду он ҷойгоҳ буд. Сиёҳгилу Сомро бигирифтанду дар он гунбад шуданд. Беҳзоду Размёрро аз банд берун оварданд ва эшонро низ бибурданд. Чун аз сарой берун омаданд, ғалабаву ошӯб дар шаҳр афтод, ки фарзандони Копунро боздиданду хабар ба Конун расид. Нишоткунон пеши фарзандон омад ва эшонро дар канор гирифт.
Аз қазо Сурхварду Оташак берун омада буданд ва дар банд наяфтанданд. Сурхвард он ҳол бидиду рӯӣ ба роҳ ниҳод. Ва Сурхвард некӯ рафтӣ. Ва аз дунболаи Самак бирафт ва чунон ронд, ки ба як соат замоне пеш аз эшон ба қалъа расида буд. Ба сари роҳ чашмае буд. Қарор гирифт. Донист, ки ҳанӯз эшон нарасида бошанд, ки негоҳ аз дур Тармаша падидор омад. Сурхвард пеши эшон бозрафт.
Самак нигоҳ кард, Сурхвардро дид. Аҷаб дошт. Дилтанг шуд, гуфт: «Чизе бошад». Чун пеши вай омад, гуфт:
— Хайр аст, ки ба таъҷил омадай, набояд, ки кор афтодааст?
Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, аз ин батар чӣ хоҳӣ, ки на дар ҳама марде вафо бошад, хосса ин, ки на зан аст ва на мард.
Тармаша бадфеълӣ ба ҷой овард, ки аз номард ҳаргиз мардӣ наёяд. Ва савганд ба дурӯғ карду моро дарсупурд,

пешина
аз 290
навбатӣ