Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
то шоҳ кас фиристод ва Хурдасби Шайду ва Сиёҳгилу Сомро бигрифтанду банд барниҳоданд ва Беҳзоду Размьёрро аз банд берун оварданд ва бибурданд.
Самак фурӯ монд. Гуфт:
— Оташакро аҳвол ба чӣ расид?
Гуфт:
— Эй паҳлавон, ӯро нагирифта буданд. Дар шаҳр буд. Магар биёяд.
Самак Тармашаро бигирифт ва андар басту гуфт:
— Эй ҳаромзодаи бадфеъл, некӯ аҳду паймон ба ҷой овардӣ. Чун маро ба сарой овардӣ, донистам, ки чизе сохтӣ. Сазои ту бо ту бикунам, чунон ки ба кор бояд. Туро ба аломате бикушам, ки аз он батар набошад.
Тармашаро барбаст, ки Оташак даррасид пеши Самак, дилтанг. Аз вай пурсид, ки чӣ карданд бо он бандиён.
Гуфт:
— Эй паҳлавон, Хурдасби Шайду ва Сому Сиёҳгилро пеши Арманшоҳ бурданд. Арманшоҳ бифармуд, то эшонро сиёсат кунанд. Меҳрони вазир гуфт: «Эй шоҳ, то Самак зиндааст, эшонро нашояд куштан. Эшонро барбояд ниҳодан, ки агар мо эшонро ҳалок кунем, Самак ба ивази эшон ҳазор чу мо ҳалок кунад ва бок надорад. Агар Самак он мард аст, ки ман донам ва низ ту худ медонию дидӣ. Маслиҳат он аст, ки ин паҳлавононро банд барниҳед, то аҳволи Самак ба чӣ расад. Ва бидонем, ки Тармаша бо вай чӣ кард ва онгоҳ эшонро ҳалок кунем, ки ман донам, ки Самак он мард нест, ки сад ҳазор чун Тармаша бо вай чизе ба даст оранд». Эй паҳлавон, ман истода будам, то эшонро ба зиндон бурданд.
Самак чун ин сухан бишнид, хуррам шуд. Гуфт:
— Эй Тармашаи бадфеъли ноҷавонмард, чун мебинӣ ҳоли хеш?
Пас, ӯро даҳон биёканд ва ҳарду дасти ӯ бозпас басту ӯро аз дарахт даровехт. Пас, бо Сурхварду Оташак рӯй ба қалъа ниҳод, дар миёни сад ҳазор дарахт, аз ҳар ҷинс шоҳ андароварда ва роҳе борик, нохуш.
Ҳамчунон ба зери қалъа расиданд. Қалъае диданд ҳамчанди оламе. Роҳе борик, нохуш. Бар миқдори чаҳор фарсанг то ба даргоҳи қалъа. Ба зери болои қалъа тӯлу арз бозгирифта ва ародаву манҷаниқ ва алами бисёр аз ҳаргуна барпой карда ва бод андар аламҳо афтода, чун бӯстони наврӯзӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо