Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак назора мекарду чора меандешид, то чӣ кунад. Роҳ худ яке буд. Бар боло мебоист рафтан. Самак бо эшон гуфт:
— Моро бар ин қалъа баршудан маслиҳат нест. Ва бадин роҳ моро перомуни қалъа мебояд гаштан, бошад, ки яздон моро роҳе пайдо кунад.
Ин бигуфту гирди он қалъа мегардид, то бад-ин ҷониби қалъа расид. Тангӣ диду дарае. Гуфт:
— Овоз меояд, то бингарам, ки ин чӣ овоз аст ва қавоми ин кор баргирам, бошад, ки рӯшноие падид ояд.
— Ин бигуфту порае роҳ бирафт. Се тан дид, истода буданду ҳезумро мешикастанд. Самак пеши эшон рафту салом кард. Пире буду ду барно. Ҷавоби салом боздоданд. Самак рӯй сӯи эшон кард ва гуфт:
— Эй озодмард, ту аз ин қалъай ва ин ду барно писарони туанд?
Он пирмард гуфт:
— Эй барно, бираву моро ранҷ манамой.
Самаки айёр гуфт:
— Эй пирмард, сухане аз ту мепурсем, на чизе аз ту мехоҳем.
Пир гуфт:
— Ман аз ин қалъаам ва ин ҳар ду фарзандони мананд ва маро Размоқи ҳезумшикан номанд ва мӯътамади ин қалъаам. Акнун овоза аст, ки лашкари бисёр аз Чин омадаасту қасди Мочин доранд. Набояд, ки қавме бад-ин ҷойгоҳ оянду моро дар ҳисор гиранд. Ва кутволи қалъа — Адхон моро фармуд, то захираи қалъа зиёдат кунем, то агар наузанбиллоҳ дар банде бошад, аз ҳезум фориғ бошем, ки ҳар чиз фаровон ҳаст. Акнун мо омадем ба таъчил ва ҳезум бар ин қалъа мебарем. Ҳамаи аҳволи хеш гуфтам. Агар коре дорӣ бигӯй.
Самаки айёр гуфт:
— Эй пири муборак, бо ин ҳама ранҷ туро аз ин қалъа чӣ мерасад, ки чандин ғусса мебояд кашидан, ки ҳеҷ кор аз ин сахттар нест.
Пир гуфт:
— Маро ҳар сол даҳ динор ҷомагӣ ҳасту ҳар рӯз се ман нон ва ҳар моҳ гӯсфандею дар шаш моҳ як даст ҷома.
Дар ин гуфтор буданд, ки Сурхварду Оташак бирасиданд.
Самак бо Сурхвард гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо