Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ҳаргиз чунон танҳо набудаам, чунонки акнун. На ёре бо ман ва на ғамгусоре, на ҳамдаме, на рафиқе, на мунисе. Лоҷарам дармондам.
Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, ин чӣ сухан аст, ки ту мегӯй? Ёру мунис чӣ бошад?
Самак гуфт:
— Ёр он аст, ки ғамхории мо кунаду кори моро бисозад ва моро ба мурод расонад ва он ёри ғамхор зар аст. Ҳеҷ дорӣ?
Гуфт:
— Эй паҳлавон, ҳеҷ надорам.
Оташак гуфт:
— Дорам. Аз он рӯз боз, ки ту гуфтӣ, ки мард набояд, ки бе зар бошад, ман ҳаргиз бе зар набудам.
Пас, даст дар миён карду бадрае зар берун овард, ба қадри дувист динор ва ба Самаки айёр дод. Самак он зар бистаду бӯса дод. Пеши он марди пир ниҳод. Размоқ дар он ҳама зар нигоҳ кард. Мадҳуш гашт, ки ҳаргиз чандон зар ба худ надида буд. Гуфт:
— Эй ҷавон, ин зар ба ман чаро додӣ?
Самак гуфт:
— Ин зар ба ту бахшидам. Баргиру ба харҷ кун, ту ва фарзандони ту. Ва ҳоҷате ба ту дорам, раво кун.
Пир гуфт:
— Аз дасти ман бархезад. Он чӣ ҳоҷат аст, ки туро аз ману фарзандони ман мебояд хост?
Самак гуфт:
— Эй пирамард, агар савганд хӯрӣ, ки рози ман ошкоро накунӣ ва маро дарнасурию бо дӯсти ман дӯст бошӣ ва бо душмани ман душман, бигӯям.
Размоқ савганд хӯрд, ки рози эшон ошкоро накунад ва муроди эшон ҷӯяду ҷуз ризои эшон кор накунад. Чун Размоқ савганд хӯрд, Самак гуфт:
— Эй пир, моро бар болои қалъа мебояд бурдан.
Пас, аҳволи хеш бигуфт. Размоқ гуфт:
— Эй Самак, чӣ гуна тавонам, ки ин қалъа дувоздаҳ бурҷ дораду посбонони бедору ҳушёр ва кутволи қалъа Адхон ҳар шаб дар бурҷе мебошад? Ва низ масрақи 1 қалъа бар дарвоза аст. Ва шаб он ҷо нишастааст. Ба ҳезуме, ки бар боло мебарам, нигоҳ медорад.
Самак гуфт:

1 Масрақ — саркарда.

пешина
аз 290
навбатӣ