Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Туро мегӯяд, кистӣ, аз куҷо меоӣ ва бо ту кист?
Гуфт:
— Бо ман намегӯяд, ки ман мӯътамади қалъаам.
Самаки айёр гуфт:
— Дар ин қалъа чанд марду зан бошад?
Размоқ гуфт:
— Чаҳорсад марди ҷангӣ бошанду сад зан ва кутволи қалъа Адхон ҳаст. Ва марде ҳаст пешрави қалъа, номи вай Хон бинни Хон.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Размоқ, як чора донам. Ҳар яке пуштаи ҳезум дар пушт гирему бо ту ба ивази фарзандони ту ба қалъа дароем.
Размоқ гуфт:
— Магар сабаби кори ту аст, ки ин барҳоҳад омадан, ки имшаб Адхон дар он бурҷ аст, ки дар паси қалъа аст, то бетарсу биме дарравем.
Самак гуфт:
— Яздон корҳо рост баровард.
Пас, ҳар яке пуштаи ҳезум бар пушт кашиданду Размоқ дар пеш истод ва Самак бозпаси вай истода ва дигарон аз қафои вай то бар дари қалъа омаданд. Размоқ дар бизад. Гуфтанд:
— Кист?
Гуфт:
— Манам, Размоқи ҳезумкаш.
Дари қалъа бикшоданд ва Размоқ бо дигарон ҳезум бибурданду бинҳоданд.
Пас, Размоқ ҳамгинонро ба хона бурд. Размоқро зане буд ва ду духтари ҷавон. Ҳар серо бидиданд.
Гуфт:
— Ин се кистанду аз куҷо омадаанд?
Размоқ гуфт:
— Ин се тан ба музд гирифтаам, то ин ҳезум зуд аз барои захира бароварем.
Пас, рӯй ба осоиш ниҳоданд, то рӯз равшан гашт. Самак бо Размоқ гуфт:
— Ҳеҷ донӣ, ки Маҳпарӣ дар қалъа куҷост?
Размоқ гуфт:
— Ӯро дар шаҳдар боздоштааст.
Самак гуфт:
— Эй Размоқ, ҳеҷ донӣ, ки ба пеши вай кӣ мераваду меояд ва хидмате мекунад?

пешина
аз 290
навбатӣ