Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Размоқ гуфт:
— Бод дар шаҳдар гузар намекунад, магар ду канизак мераванду хизмат мекунанд.

Самак гуфт:
— Раво бошад. Сурхвардро гуфт:
— Бархезу чодар дарпӯш ва мӯза дар пой кун, ки ту ба занон беҳтар монӣ, ки маро риш ҳаст. Ва пеши Маҳпарӣ раву ӯро заминбӯс бирасон ва бингар, то канизаку ходим чанд аст ва ҷойгоҳ бингару зуд бозгард, то ман чораи кори ӯ созам.

Сурхвард гуфт:
— Чодару мӯза бояд.

Самак бо Размоқ гуфт:
— Ту занро ба савганд устувор кун, то ӯ роз нигоҳ дорад.

Пас, чодару мӯза хост аз зани Размоқ. Ҳар ду биёвард. Сурхвард чодар дарпӯшиду рӯй ба шаҳдар ниҳод ва чун ба шаҳдар расид, дар сарой шуд. Маҳпариро дид бо ду канизак ва Рӯҳафзо мутриб, ҳар чаҳор нишаста. Сурхвард салом гуфту хизмат кард. Маҳпарӣ ӯро биншонду бинвохт ва бифармуд, то ҷулоб оварданд. Маҳпарӣ дар вай нигоҳ кард. Яъне «канизакон берун фирист». Маҳпарӣ он ҳар ду канизакро ба коре машғул кард.

Пас, Рӯҳафзо рӯй ба Сурхвард карду гуфт:
— Ту кистӣ ва аз куҷоӣ?

Сурхвард гуфт:
— Расулам аз Самаки айёр. Ба маликаи ҷаҳон Маҳпарӣ салом мерасонад.

Маҳпарӣ чун номи Самак шунид, хуррам шуд. Гуфт:
— Ӯро куҷо дидӣ?

Сурхвард гуфт:
— Эй духтари шоҳ, ӯ дар қалъа омадааст бо Оташак ва ман хизматгори ваям.

Маҳпарӣ гуфт:
— Бархезу ӯро пеши ман фирист, то бингарам, ки чӣ хоҳад кардан.

Сурхвард бозгашту пеши Самак омад ва аҳвол бигуфт, ки Маҳпариро дидаму аҳвол гуфтам. Туро мехонад.

Самак гуфт:
— Ҷома берун кун.

Тақдири яздон чунон буд, ки Сурхвард ҷома берун мекард, Самак чашм дар вай ниҳода буд, ки ногоҳ синаи

пешина
аз 290
навбатӣ