Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сурхвард пайдо омад. Ду нор дид аз вай руста ва пистон-банд бар вай баста. Самак даст фароз карду гуфт:
— Он чист?
Сурхвард шармнок шуд. Хизмат кард. Гуфт:
— Эй паҳлавон Самак, акнун розам ошкоро шуд ва маро бо ту мебояд будан. Аҳвол бигӯям, бидон ва огоҳ бош, ки ман мард нестаму дар ҷаҳон ҷуз модару падар ва бародарзодагони ман огоҳ нестанд. Акнун бар ту ошкоро шуд.

Самак бишнид, гуфт:
— Ба яздони додор, ки ман ҳамон соат бидонистам, ки дар сарои ту меҳмон будам ва ту биёмадию нон хостӣ ва он суханҳо мегуфтӣ. Чун модарат нон оварду бинҳод ва ту нон овардӣ, ман дар нон хӯрдани ту нигоҳ мекардам, донистам, ки ту на мардӣ ва бо худ мегуфтам: «Ин ҷавон на сирати мардон дорад, аммо ба сурати мардон меравад, надонам чун аст аз эшон». Шабравӣ ва айёрӣ, ки дар ту падидор буд, маро ба шак оварда буд ва аз кор бозмедошт ва дар худ бозғалат афтодам. Бо худ гуфтам: «Зане бошад бар ин чолокӣ?» Акнун, эй Сурхвард, чун роз ошкоро шуду донистам, ки ту занӣ, агарчӣ медонам, ки аз баҳри он чунин меравӣ, то зан набусию туро номи шавҳар набошад, ҳеҷ мумкин бошад, ки зани ман бошӣ?

Сурхвард гуфт:
— Эй паҳлавон, ман худ канизаки туам.
Самак дасти вай бигирифту ба гувоҳии яздон ва ба гувоҳии Размок ва ба гувоҳии Оташаку он ду писарони Размок Сурхвардро ба занӣ кард. Сурхвард худро ба бай доду ба шавҳарӣ қабул кард. Пас, Самак даст фароз карду Сурхвардро дар оғӯш кашид, бӯсе ба рухсори вай дод.

Оташак дарҷасту гуфт:
— Шарт нест, эй паҳлавон, ки маро гӯӣ, сабр кун ва беҳтар аз Хуршедшоҳу Маҳпарӣ мабош. Акнун ман сабр кардам, ту низ сабр кун, то Маҳпарию Хуршедшоҳ ба ҳам расанд. Онгоҳ ману ту талаби вуслат месозем.

Самаки айёр гуфт:
— Ҳукм турост, чунон ки хоҳӣ, мекунем.
Пас, дарҳол ҷодар даркашиду мӯза дар пой кард ва ниқоб барбасту рӯй ба роҳ ниҳод ва ба шаҳдара расиду ба сарои рафт, пеши Маҳпарӣ, хизмат кард. Маҳпарӣ бархосту ба ҳукми бародари Самакдро дар канор гирифт ва бипурсиду пеши худ биншонд. Ва сухан аз Хуршедшоҳ пурсид, ки чун аст.

пешина
аз 290
навбатӣ