Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ки ҳаргиз одамиро дар он роҳ набудааст. Бе об ва бе хошок, замине сода, нарм ва ҷойгоҳе гарм, ҷойгоҳи девон ва ғулони саҳмнок. Тарсанда дар чунин биёбоне мерафтанд, то як нима аз биёбон бигзаштанд. Шайтони ҳасад биёмамад ва гиребони Альён ва Альёр бигрифт ва асли бад дар ниҳоди эшон ба ҷӯш омад. Феъли бад ва ҳаромзодагӣ дар кор овард. Бо ҳам гуфтанд:
— Чаро дар фармони кӯдаке бошем? Ӯро қаҳр гардонем ва ин моли фаровон баргирем ва худ фармондеҳ ва подшоҳ бошем. Дигар бо Фаррухрӯз чӣ кунем?
Бо ҳам машварат карданд, ки ҳар дуро барбояд дошт, ки лашкар худ бо моанд ва ҳар ки дар аҳди мо наёяд, ӯро бикушем. Ҳар ду бар ин иттифоқ доданд ва месохтанд, то чӣ гуна эшонро ҳалок бояд кард. Бар он қарор афтод, ки эшонро ба заҳр ҳалок кунанд.

Ҳақтаоло тақдир кард, ки ғуломе буд кӯчак аз они Альёну Альёр, ном Темуртош ва сахт боҷамол буду оқил.
Чун Хуршедшоҳ шароб хӯрдӣ, он ғулом соқӣ будӣ. Пас, Альёну Альёр машварат карданд, ки он Темуртошро бар он кор боздоранд, то шоҳзодаву Фаррухрӯзро ҳалок кунанд. Пас, ғуломро пеши худ хонданд, ки «коре бар ту афкандаем, агар он кор бикунӣ, туро озод кунем ва аз моли ҷаҳон бениёз гардӣ ва паҳлавони лашкар ту бошӣ.
Темуртош хизмат кард, гуфт:
— Бандаам, ҳар чӣ фармоянд, он кунам.
Гуфтанд:
— Корест кардани. Ин дору порае биситон ва нигоҳ дор. Чун шоҳзода шароб хӯрад, дар қадаҳи шароб афкан.
Ва дар қадаҳи шароби шоҳзода ва Фаррухрӯз неҳ, то бихӯранд ва ҳалок шаванд ва молҳо моро бимонад ва баҳре ба ту диҳем ва боқӣ мо бардорем.
Пас, мисқоле заҳри кушанда ба он ғулом доданд, ки Альён пайваста доштӣ ва ба сабаби ин бадгавҳарӣ, ки дошт, аз роҳ бияфтод ва беҳурматӣ пеш гирифт ва қасди ҷони ду шоҳзода кард.

Чун Темуртош ин аҳвол бишнид ва он қадр кардани
эшон маълум кард ва он дору бидид, ки ба вай доданд ва
зинҳор хӯрдани эшон, бар ҷони ин ду ҷавон бубахшид ва
ғамнок шуду дилаш бисӯхт. Гуфт, «дареғ бошад чунин ду,
ҷавон бар дасти ин ҳаромзодагон ҳалок шаванд». Ва замоне бо худ андеша кард, то чораи он кунад. Бо дили худ
мунозира кард ва гуфт: «эй ҷавон, ту ҳеҷ ақл надорӣ,
ки чунин коре дар пеш гирӣ ва ин қадар надонӣ, ки агар

пешина
аз 290
навбатӣ