Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
эшонро ҳалок кунӣ, ин ҳар ду паҳлавон туро нағзоранд ва ҳалок кунанд ва дар қиёмат гирифтор шавӣ ва туро дар дӯзах кор бошад ва дар дунё туро мақсуде ҳосил наёяд. Бирав ва ин ҳол бо шоҳзодагон бигӯй». Чун ин андеша бикард, ки ҳеҷ чора беҳ аз ин нест, ки ин аҳвол бо Хуршедшоҳ бигӯям, то худро аз эшон нигоҳ доранд. Ин бигуфт ва бархосту танҳо пеши Хуршедшоҳ омад ва аз он кор, ки паҳлавонон рой зада буданд, бо вай бигуфт ва ондору ба вай намуд.
Шоҳзода бархост ва сари вай дар канор гирифт ва он ёрае, ки дар даст дошт, ба гавҳар мурассаъ, дар дасти вай кард, ва гуфт:
— Эй ҳалолзода, бар ин шафқат, ки туро бар ману бар бародари ман омад ин дору бо худи эшон деҳ, ки эшон туро бад-он чӣ хостӣ кардан, ҳеҷ надоданд ва низ ҳалок кардандӣ. Ман туро паҳлавонии лашкар диҳам ва ҳар чӣ азони эшон буд, ба ту арзонӣ дорам ва хазинадорӣ ба ту диҳам ва надиму роздори ман бошӣ. Ба хоки пои падарам ва ба ҷони Фаррухрӯз, ки он чӣ гуфтаам, дар ҳаққи ту бикунам ва зиёдат аз ин.
Темуртош хидмат кард ва аз пеши Хуршедшоҳ берун омад ва мебуд, то он шаб ба охир расид ва ҷаҳон равшан гашт. Эшон ба манзил фурӯд омаданд. Дарҳол шоҳзода қасди шароб кард, ки ҳама шаб аз он қаҳр ором наёфта буд ва бо худ мегуфт, ки: «Агар на ин кӯдак бар ман меҳрубонӣ кардӣ ва ин роз бар ман кушодӣ, чӣ донистаме, ки касе чунин душманӣ дар дил дорад? Ҳалоки ману бародари ман баромадӣ». Бар ин сабаб шукри яздон мекард. Чун ба шароб хӯрдан машғул шуданд, он ҳар ду паҳлавон ҳозир омаданд бо хосагиён. Ва Темуртош истода буд ва шароб дармедод ва паҳлавонон бар он умед, ки шоҳзода бикушанд, ва шоҳзода сар дар пеш афканда ва қавом бар май гирифт. Агарчи эмин буд, ғофил набуд, то шароб дар эшон кор кард. Ҳар ду паҳлавонон ишорат ба ғулом карданд. Шоҳзода бидид. Дору дар қадаҳи шароб афканд, чунонки касе надид ва дар нӯшонӯш омад. Биёмад ва бо Альён дод. Альён бозхӯрд. Дарҳол қадаҳи шароб даркард ва дору дарафканд ва бо Альён дод. Бозхӯрд. Пас, шароб, дардодан гирифт. Ҳанӯз шароб ба шоҳзода нарасида буд, ки ҳар ду бияфтоданд. Темуртош хидмат кард ва гуфт:
— Эй шоҳзода, душманини ту ҳама инчунин хор аф-
1 Ёра — дастпона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё