Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ояд, ӯро бад-он навъ бароросту миқна ва қароча ва қасабча ва сарбанди тилло бар вай муҳайё кард ва номаш Дилафрӯз ниҳод ва бо канизакон ба хизмат боздошт.
Ва рӯзи дигар Шағоли Пилзӯру Самаки айёр омаданд ва ӯро бад-он навъ диданд ва порае доруи беҳушиву каманде бад-ӯ доданд ва гуфтанд:
— Инҳо ба кор ояд. Мардона бош. Ин бигуфтанд ва бирафтанд. Рӯҳафзо ба мулозимати духтари шоҳ мебуд.
Чун наврӯз расид, духтари шоҳ Маҳпарӣ ба боғи наврӯзӣ рафт ва бо духтарон ба айшу ишрат мебуд. Рӯзе Рӯҳафзо дар сӯҳбати Маҳпарӣ буд ва ба айш машғул буданд. Дар аснои сухан Маҳпарӣ бар сабили мазоҳ аз Рӯҳафзо наврӯзӣ талабид. Рӯҳафзо маҷоли сухан ёфт ва гуфт:
— Эй шоҳи хубон, ба наврӯзӣ аз барои ту канизаке харидаам ва парпардаам, ки нодираи замон ва соҳираи ҷаҳон аст. Маҳпарӣ илҳоҳ кард ва гуфт:
— Бифирист, то биёяд. Рӯҳафзо лоло Солеҳро бифиристод ба хона, то «Дилафрӯз» биёварад.
Лоло Солеҳ бирафт ба хонаи Рӯҳафзо ва «Дилафрӯз»-ро бо барбат бардошт ва ба боғ овард; ва чун Хуршедшоҳ бад-он маҷлис расид, Маҳпариро дид чун офтоби ховар бар тахт нишаста ва духтарон гирди ӯ ҳалқа баста. Салом кард ва хизмат намуд ва давид ва дасти Маҳпариро бибӯсид. Маҳпариро писанд омад, ном пурсид.
Рӯҳафзо гуфт:
— Номи аслеш Дилафрӯз, то бону чӣ таъйин кунад.
Маҳпарӣ гуфт:
— Муаннис бо номаш мувофиқ бошад, нек бошад.
Фармон кард, ки чизе бигӯяд. «Дилафрӯз» барбат бар сари чанг гирифт ва бунёд кард.
Маҷлис чунон анвару маҳбуб дар назар ва савдои ишқ дар сар! Коре кард он шоҳзодаи номвар, ки духтари шоҳ ва он дояи рӯсиёҳ ва ҳозирони маҷлисро ақл аз сар бадар рафт. Доя бо дили худ гуфт, ки: «чӣ будӣ, ки ин духтар набудӣ, то умри худро бо ӯ хуш гузаронидаме», ва духтар низ дар ҳамин хаёл ва канизаконро худ чӣ тавон гуфтан. Чун Хуршедшоҳро аҳли маҷлис қабул карданд, Рӯҳафзо чанг бар замин ниҳода, ҳайрони Хуршедшоҳ монд.
Ногоҳ Фағфуршоҳ аз боргоҳ бозгашта, ба дари боғ расид ва овози барбати «Дилафрӯз»-ро бишунид. Бо Меҳрони вазир гуфт:
— Хуш овозест, биё, то биравем ва бар ин овоз шаробе чанд бихӯрем.
Меҳрони вазир монеъ шуд ва гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё