Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ё шоҳ, чун Маҳпарӣ аз ту чизе наметалабад, ту низ аз ӯ тамаъ мадор. Ин бигуфтанд ва даргузаштанд.

Ва дар ин ҷониб маҷлис гарм гардида, Маҳпарӣ, ҷоме шароб бар сари даст, «Дилафрӯз»-ро талабид ва бад-ӯ дод. «Дилафрӯз» хизмат кард ва биистод ва бар рӯи маҳбуб нӯш кард ва гуфт:

Маҷлиси амну баҳору баҳси ишқ андар миён,
Настадан ҷоми май аз ҷонон гаронҷонӣ бувад.

Ба айш машғул буданд, то шаб даромад, Рӯҳафзо бархост ва дасти Хуршедшоҳро бигирифт ва хизмат кард, то биравад. Маҳпариро нохуш омад ва бо Рӯҳафзо гуфт, ки:

— Ба наврӯзӣ чизе барои мо овардӣ ва ба мо додӣ, акнун боз бо худ мебарӣ? Имшаб ин ҷо бошад, аз сабаби канизакон ва гуфтугӯи эшон ҳузуре наёфтам. Имшаб сӯҳбате бидорем, фардо шаб бо ту биравад.

Рӯҳафзо хизмат кард ва Дилафрӯзро бигзошт ва худ берун омад ва ба хона омад ва Шағолу Самакро талабид ва сурати ҳолро бо эшон бигуфт.

Эшон гуфтанд:

— Мабодо, ки дар ошиқӣ ва ҷавонӣ ва олами мастӣ ногаҳ ҳолате воқеъ шавад ва сари мо ҳама барбод равад. Маслиҳат он аст, ки имшаб ба дари боғ равем ва гирдогирди боғ бигардем, агар ҳолате воқеъ гардад, ҳозири вақт бошем. Бархостанд ва бо яроқи айёрӣ биёмаданд.

Аммо аз ӯн тараф овардаанд, ки чун духтари шоҳ Рӯҳафзорро равона кард ва Хуршедшоҳи Дилафрӯзномро бозгирифт ва бифармуд, то маҷлисафрӯзро биёварданд, яъне шамъро ва маҷлисро ба анвои шамъҳои кофурӣ ва анбарин бароростанд.

Духтари шоҳ бо шоҳзода ба сухан даромад ва гуфт:
— Эй «Дилафрӯз», ҳамаи созҳои мутрибӣ донӣ?
Гуфт:
— Бале.
Гуфт:
— Нард ва шатранҷ низ?
Гуфт:
— Қадре.

Бифармуд, то шатранҷ оварданд аз дандони моҳӣ муҷавваф карда ва пурмушку анбар карда ва бисоте аз адим ба абрешим дӯхта ва дастҳои булӯрин бароварданд ва ба лаъбу зебой бохтан гирифтанд. Шоҳзода агарчи мебурд, аммо қоим карда бардоштанд. Чунон ки котиб гӯяд:

пешина
аз 290
навбатӣ