Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Пас, андаруни сарой ба дари хонаи доя Камкуки сиёҳ, аз хоб даромад. Дергоҳ буд. Гуфт: «Эй дареғо, ки агар доя биёмади ва маро бар ин вақт бидиди, қаҳр кардӣ. Нек буд, ки наёмаД: Маро чӣ афтод, ки чунин маст шудам». Дилафрӯз бирафту маро хабар набуд. Пас, бархост ва бар қоида ғизои бэндиён бибурд ва бад-он зери замин фурӯ рафту аз он ниҳеб 1, ки доя биёяд ва гӯяд — чаро таоми эшон дер бурдӣ, дигар он, ки хуморзада буду хоболуд, нигоҳ накард, то касе аз эшон кам гаштааст ва таом пеши эшон бинҷоду бозгашт ва ба боло баромаду дар боз-баст ва дар паси парда биншаст.
Пас, духтар ба қазое ҳоҷате бархосту Рӯҳафзо он чӣ ёзист, бо Хуршедшоҳ бозгуфт ва омадани Шағоли Пил-зӯру Самак ба зери қаср ва порае беҳушонаи дигар овар-да буд, ба вай дод. То духтар боз омаду ба ҷои худ бини-шаст ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд, то он соат, ки шаб даромад. Рӯҳафзо бархосту хизмат кард, дасти «Дил-афрӯз» гирифт. Духтар гуфт:
— Эй Рӯҳафзо, чанд ноз кунӣ? Ту ин канизак ба чанд харидай? То баҳо ба ту диҳам ва музди устодии ту биди-ҳам. Он рӯз сипос бар ман ниҳодӣ, ки ба наврӯзӣ ба ту овардам ва ҳар соат дасти ӯ мегирӣ, ки бибарӣ. Пас, ӯро мутрибӣ аз баҳри худ омӯхтай, на аз баҳри ман, ки аз си-моғи вай ҳеҷ роҳате намеёбам. Бигзор вагар ту низ ме-бошӣ, бибош, вагарна, бирав.
Рӯҳафзо хизмат карду гуфт:
— Эй малика, хато аз банда буд, валекин гуфтам на аз ин садое 2 бошад. Ман ҳар чӣ дорам бо «Дилафрӯз» азони худованд аст. Ин бигуфт ва хизмат кард ва бирафт.
Духтари шоҳ замоне ишрат кард, то канизакон маст шуданду пароканда шуданд ва ҷой холӣ шуд. Шоҳзода соқӣ мекард. Пас, қадаҳе шароб пур карду беҳушона дар-кард ва ба дасти духтар дод. Духтар худ маст буд, он қа-даҳ бозхӯрду бияфтод ва аз ҷаҳон бехабар шуд.
Сиёҳи ходим аз паси дар назора мекард. Чун дид, ки малика бихуфтид, кулӯхе бияндохт, дар канори Хуршедшоҳ афтод. Донист, ки сиёҳ аст ва ӯро мехонад. Бархост, пеши ходим омаду гуфт:
— Эй хоҷа, тақсир аз он буд, ки духтари шоҳ дер дар хоб шуд.
Ходим хизмат карду гуфт:
1 Ниҳеб — аз тарси он, ки...
2 Садоъ — дарди сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё