Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Раво бошад, ман дидам.

Пас, даст дар дасти шоҳзода ниҳоду дар ҳуҷра рафт. Ходим ҳама тартиб карда буд — аз шаробу нуқл ва шамъу мева. Ва пас ба шароб хӯрдан нишастанд.

Шоҳзода гуфт:

— Эй ходим, ман имрӯз бисёр шароб хӯрдаам, маро шароб мадеҳ, то мутрибӣ мекунам, ки агар шароб хӯрам, маст шаваму ин ҷо бимонам ва чун духтар бознишинаду маро набинад, марову туро маломат расад.

Ходим гуфт:

— Раво бошад.

Пас, гуфт:

— Ман соқӣ мекунам, пеши суроҳӣ давиду дору тамомом дар суроҳӣ кард ва қадаҳи шароб даркарду, ба сиёҳ дод.

Ходим гуфт:

— Эй Дилафрӯз, ту симоъи хеш кун, ки ман худ шароб мехӯрам. Маро соқӣ набояд.

«Дилафрӯз» соате симоъ кард, бархосту гуфт:

— Биравам, набояд, ки духтар бедор шавад ва маро маломат расад. Он ходим гуфт: «Магар сими мутрибӣ мехоҳад, ки одати мутрибон чунон бошад, ки чун сим хоҳанд, гӯянд: меравем, то меҳмонхудой ӯро сим диҳад».

Ходим гуфт:

— Дилафрӯз, бинишину андеша мадор. Пас, бадран зар биёварду пеши вай ниҳод ва узр хост.

Шоҳзода гуфт:

— Ман хизмати ту аз баҳри зар мекунам? Чӣ ҷои ин аст? Пас, биншаст ва симоъ мекард, то ходим аз он шароб беҳуш гашту бияфтод.

Шоҳзода гуфт: «бар болои бом равам, то касе омадааст ё на». Болои бом баромад. Нигоҳ кард дар зери сарой Шағоли Пилзӯру Самакро дид бо миқдори панҷоҳ мард. Шоҳзода команд фурӯ гузошт. Шағоли Пилзӯру Самак баромаданд. Боқӣ бифармуд, ки зери сарой нигоҳ медоранд. Пас, шоҳзода пеш истод, ки роҳ медонист, то ба болини ходим омаду калид аз ҷайби вай берун овард ва рӯй ба сарои доя ниҳоданд.

Самаки айёр гуфт:

— Эй шоҳзода, ин ходимро бибояд куштан ва даст бар ҳалқи вай ниҳоду маҳкам бифушурд, ки худ ниммурда буду боқии нафас аз вай ҷудо шуд ва баъд аз он, то сиёҳ буд, ба «Дилафрӯзи мутриб» шароб нахӯрд.

пешина
аз 290
навбатӣ