Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Шоҳ Фағфур бо амирон шароб мехӯрданд ва духтар аз панҷара назора мекард. Лола Солеҳ пеши духтар истода буд ва гуфт:
— Эй малика, Хуршедшоҳро мешиносӣ?
Гуфт:
— Агар симоъ кунад, бишиносам.
Пас, дар он ҳол Фағфуршоҳ гуфт:
— Эй Хуршедшоҳ, мешунидам, ки ту мутриби неку донӣ ва мутрибии худро пеши духтари мо афкандӣ. Афуллоҳ 1, ту ки ҷавонмардӣ кардӣ! Пас, акнун шарм надорӣ, соате ба симоъи худ моро осуда дорӣ.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Фармонбардорам.
Аз мутрибони шоҳ тарабруд хост ва дар канор гирифту гӯшҳои он бимолид ва пардаҳо рост карду овоз баровард.
Чун овози Хуршедшоҳ бишунид, духтар гуфт:
— Эй лоло, ин «Дилафрӯз» аст. Ба ҳақиқат неку номи ӯ ниҳоданд. Симоъи вай дили халқи ҷаҳон меафрӯзад. Ишқ дар дили духтар зиёдат гашт. Фитнаи Хуршедшоҳ шуду дида дар ҷамоли шоҳзода бинҳод. Аз ӯ назар вай барнаметавонист гирифт.
Хуршедшоҳ симоъ мекард. Фағфур бо Меҳрони вазиру умарои давлат, ки ҳозир буданд, ҷумла гӯшу ҳуш ба вай дода буданд. Шоҳзода як навбат самоъ ба охир бурд.
Меҳрони вазир сухан дарандохт.
Гуфт:
— Эй шоҳ, дар кори духтар чӣ тадбир хоҳӣ кардан, ки ҳамаи олам хасми туанд ва аз баҳри духтар барсохтаанд. Агар то ба имрӯз қасди вилоят намекарданд ва талаби фарзандони хеш боз намекарданд, аз бими доя буд. Чун бидонанд, ки доя кушта шуду фарзандони эшон зиндаанд, ҳама рӯй ба вилояти ту ниҳанд. Бинигар, то чӣ хоҳӣ кард.
Шоҳ сар дар пеш афканда буд, сар бароварду гуфт:
— Он чӣ Хуршедшоҳ кард ва мардӣ, ки вай намуд ва доя, ки гирифту зиндон, ки шикаст ва бо ин ҳама ҳалолзодагӣ, ки кард, вагарна чун духтари ман пеши вай маст афтода буд, муроди худ ҳосил кардиву бирафтӣ, ман бо вай чӣ тавонистаме кард ва дигар ба ҷамол ва аслу насабу мардӣ, ки вай намуд ва фазлу дониш аз ҳама зиёдат аст.
1 Афуллоҳ — худо афв кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё