Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Меҳрони вазир гуфт:
— Оре, чунин аст, ки ту мефармой, аммо туро баҳона бояд, то ҳеҷ кас дар ин маъни сухан натавонад гуфтан ва туро маълум аст, ки аз ҳафт иқлим ин ҷойгоҳанд ва бисёр асилзода дар шаҳри моанду ҳама бо хостгории духтари ту омадаанд. Агар духтар бе баҳона ба Хуршедшоҳ диҳӣ, подшоҳӣ бар ту халал ояд. Агар ҳар яке ба вилоят боз гарданду сипоҳ оваранд, бошад, ки мардуми шаҳр ба ту бардянд. Туро чора бибояд сохтан, ки ҳамагон дар майдон раванду бо ҳам бароянд ва ҳар ки зиёдат ояд, духтар бад-ӯ деҳ, то забони ҷаҳониён бар ту баста гардад ва аз ту кас озурда нашавад ва подшоҳӣ бар ту бимонад.
Шоҳ гуфт:
— Чунин бояд кардан. Чунон ки маслиҳат бошад, бигӯю бикун.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳзодагон, ки ин ҷо ҳозиред ва ҳама банду зиндони доя кашидаед аз баҳри духтар, ҳар ки зиёдат ояд, духтар ӯрост!
Самак бархосту гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, духтар аз ону Хуршедшоҳ аст, ки ба мардиву айёрӣ ба даст овардааст. Ҳеҷ кас дар вай нигоҳ натавон кардан. Чаро бояд, ки Меҳрон инчунин сухан гӯяд, ки шоҳдухтар киро хоҳад бувад ва киро хоҳад додан.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй озодмард, сухани ту рост аст ва ҳақ воҷиби Хуршедшоҳ аст. Аммо ҳоле ба худ натавон ошуфт. Агарчи ин кор Хуршедшоҳ кард, қавме ин ҷойгоҳ ҳозиранд ва ба хушнудии эшон ин кор тавон кард.
Самак гуфт:
— Эшон розианд аз баҳри он ки Хуршедшоҳ эшонро аз банд раҳо кардааст. Гуфт:
— Қавме, ки дар шаҳранд, розианд?
Меҳрони вазир гуфт:
— Чора он аст, ки ин қавм дар майдон муҷодала кунанд, ҳар ки дар ҷанг зиёдат ояд, духтар ба вай диҳанд.
Хурӯш аз боргоҳ баромад. Ҳама хурраму шодмона шуданд.
Гуфтанд:
— Чунин мебояд кардан.
Қобиз, фарзанди вазир сахт хуррам шуду шодмона гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё