Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Хуршедшоҳ, ту эшонро ба савганд устувор кардай, чӣ гуна бо ту ҳарб кунанд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Ризо додам, ки эшон бо ҳам набард озмоянд, ҳар ки аз эшон зиёдат омад, бо ман даст дар камар занад.
Бад-ин қарор эшон дар майдон рафтанд, то бо ҳам набард озмоянд.
Аз миёни эшон ҳама ҷавоне моҳрӯй, номи вай Баҳман — фарзанди шоҳи Уммон буд ва бисёр мол барбод дода буд. Ба як сол пеш аз Хуршедшоҳ омада буду дар банд афтода буд ва аввал касе, ки дар майдон омад, Баҳман писари шоҳи Уммон буд ва бонг бар сипоҳи Хуршедшоҳ ва шоҳзодагон зад. Ва яке савор дар майдон омаду бо ӯ ба ҷанг омад. Як найза бар синаи ӯ рост кард ва бизад чунон, ки аз пушти ӯ бадар омад. Ҳамчунин як-як дар майдон омаданд, то бист мард аз ҷон беҷон кард.
Баҳман аз ҳамгинон зиёдат омад.
Хуршедшоҳ хост, ки дар майдон равад, Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳзода, ӯ кӯфта аст, бист мард афкандааст, ту низ дар майдон бо қавме бигард, он гоҳ бо ҳам набард озмоед.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй вазир, бидонистам, ки дар ин маъни ҳеҷ намедонӣ. Туро маълум нест, ки чун нома нависӣ, аввали нома бознависанду пас дигарбор бинависанд. Чун ҳар яке аз ин паси якдигар нависанд, ҳам ба хату ҳам ба иборат латифтар ояд. Майдондорӣ ҳамчунин. Чун яке дар майдон пайкор кунад, яке ва ду ва панҷоҳ бифканад, аз ҳар яке ҳилае дида бошаду дониста ва радди ҳамла маълум карда, ҳамчун нома; ва чун аввал бо касе набард озмояд, дили вай тарснок бошад ва надонад, ки бо вай чун ҳарб бояд кард, ҳар гуна ҳила ёд мегирад, бошад, ки пеш вай шавад — аввали ҳамла хато ояд. Донам, ки дар ҷанг ту надонӣ, аммо фармон турост. Муроди ту гирам, ки маро худ беҳтар.
Пас, Баҳман, ба ҷои худ биистод. Хуршедшоҳ дар майдон ба ҷавлон омад, гуфт:
Ҳар ки хоҳед, аз хосу ом ва паҳлавону амир ва сарҳангу ҳоҷиб — ҳар ки хостгори духтари шоҳ аст, биёяд. Пас, мард дар майдон мерафт ва Хуршедшоҳ ҳар яке ба лаъбаву санъате меафканд ва Маҳпарӣ медид ва ишқ бар вай зиёдат мешуд, то панҷоҳ мард бияфканд.

пешина
аз 290
навбатӣ