Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт:
— Агар пил пеши ман ояд, бешак, ӯро бигирам ва аз ҳам бидарам.

Баъд-ин кор ҳамагон аз ҳам пароканда шуданд ва ҳар яке ба ҷои хеш бозгаштанд, ҳар ки хостгори духтар буд, бар азми он ки фардо дар майдон ҳунар озмоянд. Ва дух- тар бо диле пуришку ҷоне пуртоб ба ҷойгоҳ бозрафт, дар андеша, ки фардо чун бошад.

Чун он айёрон бо ҳар ки буданд, дар боргоҳ ба ҷои хеш бозрафтанд. Шоҳ Фағфур ба дил бо Хуршедшоҳ буду ба домоди ӯро мехост. Ин ҳама андеша мекард, то рӯз ба- ромад. Шоҳ Фағфур қасди майдон кард бо умарои давлат ва сад ҳазор марду зан ба назора.

Духтари шоҳ лоло Солеҳро пеш хонд ва дасте ҷомаи шоҳона, ки худо қимати он донад, ба Хуршедшоҳ фирис- тод ва аспе сиёҳ, ки дар галаи шоҳ Фағфур, — ҳазору пон- сад гала аспе чунон набуд, бо зину афзору лигоми зари мурассаъ ба ҷавоҳир ба вай фиристод пинҳон аз халқи ҷаҳон. Ва худ дастури хост аз падар ва ба назораи май- дон омад пинҳон аз мардум.

Худованди ҳадис чунин ривоя кунад, ки чун Хуршед- шоҳ он ҷома ва он асп бидид, аҷаб бозмонд, ки ҳаргиз чунон ҷома надида буд бо он асп. Ва дояи ҷоду ба як сол он ҷома аз барои шоҳ Файлон сохта — бародарзодаи шоҳ Фағфур, ки бар вай ошиқ буд ва чун аспу ҷома тартиб дод, дар он сол бимурд ва гуфт: «Шавҳаре, ки туро бо- шад, бад-ӯ деҳ». Чунин гуфтанд, ки аз ҷодувони Ховар ситада буд.

Хуршедшоҳ бо ҳилъати Маҳпарӣ ва он асп бо Фаррух- рӯзу Самаки айёру Шағоли Пилзӯр он шаст марди айёр- пеша дар қафо карданду рӯй ба майдон ниҳоданд ва дар пеши тахти шоҳ хизмат кард ва шоҳ ӯро бинавохт ва ҷум- лаи шоҳзодагон дар майдон ҳозир буданд.

Мо омадем ба ҳадис. Шоҳ Фағфур ишорат кард, ки ба майдон равед, ҳар ки хоҳед.

Он шоҳзодагон, ки аз банд берун омада буданд, пеши шоҳ Фағфур хизмат карданд ва гуфтанд:
— Эй бузургвор шоҳ, мо бо Хуршедшоҳ савганд до- рем, ки бо вай душманӣ накунему муҷодала наҷӯем ва духтар ба вай арзонӣ дорем. Моро бо вай ҳеҷ коре нест.

Вазир гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ