Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Ин чаро овардӣ? — Пеши вай бозомат ва бонг
бар вай зад, гуфт: — Кистӣ ва ин чист?
Самак нигоҳ кард, шахсе дид чанди зиндапиле, ки силеҳ пӯшида буд. Самак гуфт: «Лаънат накунам, ки он шахсест, ки Моҳсутуну Моҳона бурд». Гумон набурд, ки он кас аст, ки ӯро аз банд раҳонид. Сандуқҳо аз гардан биниҳод. Корд баркашид ва ба Рӯзафзун даромад, то ӯро корд занад.
Рӯзафзун дасти вай баргирифт ва барпечиду як мушт бар баногӯши Самак зад чунон ки саросема гашт. Хост ки биафтад, ба сабаби он ки марде занфхайкал буду Рӯзафзун қавихайкал. Пас дар он ҳол ки Самак бихост афтад, асас бирасид. Аз хавфи асас худро бар ҷой бидошт. Пас рӯй ба роҳ ниҳод ва аз пеши асас бигурехт.
Рӯзафзун дар кӯча пинҳон шуд, ки ҳама ҷой донист, то асас даргузашт. Рӯзафзун даромад ва он сандуқ бо Дурдона баргирифт ва ба сарои Гулбаҳор овард. Дар бизад, дар бикушод. Рӯзафзунро дид, хуррам шуд.
Гуфт:
— Эй хоҳар, чист ин?
Гуфт:
— Дигар бора амонатаст.
Дурдонаро пеши духтару зани шоҳ бурд у сандуқ пеши ишон биниҳод. Рӯзафзун ба сарои хеш рафт ва биҳуфт.
Самаки айёр ҳар андеша мекард ва сухан мегуфт, то рӯз равшан шуд, ки овоза аз сарои Дурдона баромаст, ки қапизакро куштаанд ва Дурдона нест. Хабар ба Қонун расид, ки Дурдонаро бурдаанд. Хизматгорон биёмаданд, дар чапу рост нигоҳ карданд, нишоне падид наомад. Берун омаданд. Кас пеши лоло Райҳон фиристоданд, то зани шоҳро бигӯяд, ки аҳвол чун буд. Лоло Райҳонро диданд баста ва афканда. Фарёд бароварданд. Ӯро бикушоданд, пеши Қонун бурданд ва аҳвол бигуфт, ки Самаки айёр биёмад зану духтари шоҳро бурд ва маро барбаст, ду шабонарӯз аст.
Қонун барошуфт ва фарёд баровард. Гуфт:
— Ин аҳвол бо шоҳ чӣ гуна тавон гуфт?
Гӯем «Мо дар шаҳр будем ва нигоҳдорӣ мекардем,
Самак биёмад ва коре чунин бикард?»
Хотур гуфт:
— Имшаб шоҳро маълум нагардонем. Дарвозаҳоро устувор кунем. Мардон баргуморем, худ дар шаҳр кор
126

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё